Тавре ки чанд лаҳза қабл хабар додем, субҳи имрӯз сарояндаи ҷавон Некрӯз Ниёзов аз олам даргузашт.
Раёсати корҳои дохилии пойтахт чанд лаҳза қабл ҳолати мазкурро шарҳ дода, гуфт, 21 сентябр, тахминан соати 22:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Lexus RX350», рақами қайди давлатиаш 4800СС01, шаҳрванд Файзулло Комёб, санаи таваллудаш 05.04.2005, зода вa истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кучаи А. Навоӣ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи А.Дониш, аз самти кӯчаи С. Айнӣ ба самти кӯчаи Дӯстии Халқҳо, дар рӯ ба рӯи бинои «Маркази миллии ташхиси озуқаворӣ» ба автомашинаи тамғаи «Lexus RX350» 1981WM01, таҳти идораи Аҳтамзода Оятулло Хушбахт, санаи таваллудаш 11.09.2004, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев бархӯрдааст.
“Нақлиёти мазкур ҳамзамон пиёдагарди дар канори роҳ қарордошта, шаҳрванд Ниёзов Некрӯз, соли таваллудаш 1995-ро пахш намудааст”, - омадааст дар хабар.
Ба иттилои ин ниҳод, дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи «Шифобахш» (“Қарияи Боло”) бистарӣ мегардад, вале мутаассифона субҳи имрӯз ӯ ба ҳалокат расид.
Қарор аст ҷасади ӯро ба зодгоҳаш бурда, дафн кунанд.