Formula novemver 2024
Сароянда дар дохили мошинаш фавтид
8672

Сарояндаи ҷавони тоҷик Некрӯз Ниёзов, ки миёни мардум чун сарояндаи таронаҳои шодравон Муборакшо машҳур аст, аз олам даргузашт.

Некрӯз Мамадамонов, яке аз дӯстони наздики шодравон, зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, мутаасифона ин хабари шум рост аст ва ҳамин бегоҳ дар назди тарабхонаи “Боми ҷаҳон” дар дохили мошинаш даргузашт.

“Ӯ дар дохили мошини худаш нишаста буд. Ду мошини дигар, ки бо суръати баланд ҳаракат доштанд, ба мошини Некрӯз бархурданд ва ӯ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Ӯ ба наздикӣ бо сароянда Ҷулета оиладор шуд, вале баъди чанд муддат аз ҳам ҷудо шуданд.”, - қайд кард ин дӯсти ӯ. Онҳо бори охир моҳе қабл таронаи “Лайлӣ, Лайлӣ”-ро якҷоя сароида буданд.

Шуҳрат Сайнаков, сарояндаи дигари бадахшонӣ ҳам марги ӯро тасдиқ кард ва гуфт, ӯ дар беморхона буда, чанде баъд ҷасадашро мебароранд.

Ӯ дар хонаводаи мусиқачиён ба дунё омада, Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқуловро хатм кардааст, вале овозхониро чанд сол пеш оғоз намуд.

Некрӯз аввал танҳо асбобҳои клавишӣ менавохт. Аввалин бор суруди шодравон Муборакшо “Ай ҷони ман асират” - ро сароид ва баъди ин ба сароидан сар кард. Ӯ чандин сурудҳои овозхонони барҷаста, аз қабили шодравон Муборакшо, Манижа Давлатова, Шабнами Сурайё ва дигаронро бозхонӣ мекард.

Соли 2018 намоҳанги аввалини Некрӯз таҳти унвони "Оҳиста оҳиста" нашр шуд, ки аз ишқи нокоми ин сарояндаи ҷавон нақл мекунад. Некрӯз ба таъкиди дӯстонаш, бештар аз рӯзгори худ месароид. Худаш ҳам зимни як мусоҳиба гуфта буд, ҳар суруде, ки мехонад, ба худаш дахл дорад ва аз зиндагиаш аст, зеро дӯстдухтараш ба хотири санъаткор будани Некрӯз аз ӯ ҷудо шуда буд.

Аввалин дуэташро Некрӯз бо Меҳрнигори Рустам бо номи “Рақс бикун” суруд, ки фикри амакаш навозандаи маъруф Хушбахт Ниёзов буд.

Некрӯз дар Душанбе студияи худро дошт ва барои сиртораҳои эстрадаи тоҷик, чун Нигина Амонқулова ва Шабнами Сураё оранжировка ё танзими суруд анҷом медод.

Падараш Саидшо Ниёзов низ сароянда аст ва Некрӯз ҳамроҳи ӯ ҳамроҳ бо падар суруди “Ай нури Худо” - ро сурудаанд..

Волидони Некрӯз солҳост, ки аз ҳам ҷудоянд ва дар роҳи ҳунар ба ӯ бештар амакаш навозандаи машҳури Тоҷикистон Хушбахт Ниёзов кумак мекард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Davlatyor Bakhtovarshoev 2023-09-22, 12:51
Алвидо Некрузҷон, сад афсус моро тез тарк карди, сад афсус ((((
Посух
Хадиса 2023-09-25, 20:28
н Варзоб
Посух
Беном 2023-10-14, 12:41
Касе ки Некрузчона ай чахон гуму нест кард Худованди Бузургвор у одама гуму нест кунад Омин
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Davlatyor Bakhtovarshoev 2023-09-22, 12:51
Алвидо Некрузҷон, сад афсус моро тез тарк карди, сад афсус ((((
Посух
Хадиса 2023-09-25, 20:28
н Варзоб
Посух
Беном 2023-10-14, 12:41
Касе ки Некрузчона ай чахон гуму нест кард Худованди Бузургвор у одама гуму нест кунад Омин
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД