Испанияро мавҷи бемориҳои роҳи нафас фаро гирифтааст.
Вазорати тандурустии ин кишвар тасмим гирифтааст, ки дар беморхонаҳо ва марказҳои тиббӣ низоми ниқобпӯшӣ ҷорӣ намояд, иттилоъ додааст “Ховар” дар такя ба агентии хабаргузории «Kazinform» ва Euronews.
Гуфта мешавад, ки вазорати тандурустии Испания аз 10-январ пӯшидани ниқобро дар беморхонаҳо ва марказҳои тиббӣ ҳатмӣ гардонидааст. Сабаб–афзоиши бемориҳои роҳи нафас, аз ҷумла зуком ва ковид мебошад.
“Дар баробари ин сатҳи бистарӣ шудан дар беморхона хеле паст боқӣ мемонад. Аз 100 ҳазор бемор камтар аз 30 нафар дар беморхона бистарӣ мешаванд. Аксарият аз 17 минтақаи мухтори Испания ба ин ташаббуси вазорати тандурустии Испания зид баромаданд”-менависад манбаъ.
Тахмин меравад, ки низоми ниқобпӯшӣ дар беморхонаҳо ва марказҳои тиббӣ чораи муваққатӣ буда, пас аз авҷи эпидемия бекор мегардад.
Ёдрас мешавем, ки қабл аз соли нави мелодӣ дар кишвари мо низ овозаи дубора хуруҷ намудани “Ковид” дар Тоҷикистон паҳн гашта буд, вале Вазорати тандурустӣ ин овозаро рад намуда ба сару садоҳо хотима гузошт.