Нашри панҷуми китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои синфи 8-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо забони тоҷикӣ дар таҳрири нав бо теъдоди 60 ҳазор нусха аз чоп баромад.
Муаллифони китоб академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Маҳкам Маҳмудзода ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Маҳмад Раҳимзода мебошанд.
Мундариҷаи китоб аз муқаддима ва 13 боб иборат буда, фарогири кулли масоили назариявӣ ва амалии давлат ва ҳуқуқ мебошад.