Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ дар арафаи Рӯзи модар аз «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон»-и шаҳри Турсунзода дидан намуд.
Муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон»-и шаҳри Турсунзода дар деҳаи Батош дар соҳили дарёи Қаратоғ ҷойгир буда, аз соли 1972 инҷониб фаъолият менамояд. Дар муассисаи мазкур пирону маъюбон аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ зиндагӣ доранд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шароити зисту зиндагии бошандагони ин макон ошно шуда, модарони рӯзгордида ва барҷомондаву маъюбро бо Рӯзи модар самимона табрик намуд.
“Раиси Кумита бо чанде аз занону модарони рӯзгордидаву маъюб дар утоқи истиқоматиашон фарзандвор суҳбат намуда, руҳияи онҳоро бо таманниёти нек ва туҳфаҳои идона шод гардонид”,-навиштааст сомонаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Барои ҳамаи бошандагони Муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон»-и шаҳри Турсунзода барномаи консертӣ ва хони идона ороста шуда, ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд шуд.