Arzon march 2024
Ҷашни Наврӯз ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар Қаратоғ
214

Дар ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода ҷашни Наврӯзи оламафрӯзро ботантана истиқбол гирифта, бо ҳафтсину ҳафтшин ва дигар хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дастурхони Наврӯзӣ оростанд.

Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода хабар додаанд.

Ба ифтихори Наврӯз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шудааст, ки аз гӯшаи мероси ниёгон, гӯшаи кишоварзон, гӯшаи варзишгарон ва дигар анъанаҳои наврӯзӣ иборат буда, тамошобинони зиёдеро ҷалб намудааст.

“Дар ҷашни наврӯзии ҷамоати деҳоти Қаратоғ иброз шуд, ки дар сарзамини куҳанбунёди мо, аз ҷумла шаҳри Турсунзода анъанаҳои ниёгон ва суннатҳои ин ҷашн ҳифз гардида, то ба имрӯз доир карда мешаванд. Мақоми Наврӯз дар фарҳанги тоҷик ва ҳамзамон дар тамаддуни ҷаҳонӣ арзишманд мебошад”,- омадааст дар хабар.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД