Футболбоз Лионел Месси дар нишасти матбуотӣ аснои хайрбод бо Барселона ашкро нигоҳ дошта натавонист. Маълум шуд, ки Месси 6 август клуби Каталонияро тарк мекунад.
Барселона ва Месси барои бастани шартномаи нав омода буданд, аммо онро бо қоидаҳои иқтисодӣ ва сохтории Ла Лига ҳамоҳанг карда натавонистанд.
Месси дар нишасти матбуотӣ чунин мегӯяд:
"Ман тамоми умр дар ин ҷо будам. Аз синни 13 - солагӣ. Ва ҳоло, пас аз 21 сол ман меравам. Бо занам. Бо се кӯдаки хурди каталонӣ-аргентинӣ. Ман ваъда дода наметавонам, ки мо барнамегардем, зеро ин хонаи ман" аст.
Ӯ илова намуд, ки ӯ ва оилааш намехоҳанд то лаҳзаи охирин аз Барселона бираванд. Вай инчунин дар бораи лаҳзаҳои хушбахтии клуб сухан ронда, қайд кард, ки орзуҳояш дар ин тим амалӣ шуданд. Мисси аз соли 2004 ба ин клуб пайваст ва дар ҳамбастагӣ даҳ маротиба қаҳрамони Испания ва ҳафт маротиба Ҷоми Испания ва инчунин чор маротиба Лигаи Чемпионҳоро ба даст овардааст.
Зимнан, Месси дар бошгоҳи испанӣ чанд рекорд гузошт ва беҳтарин голзани Барселона дониста шуд.
Гуфта мешавад, Месси дар ояндаи наздик дар тими Пари Сен- Жермен бозӣ мекунад ва даромади футболбоз дар як сол 50 миллион евро ташкил медиҳад.
Рӯмолчаи коғазӣ, ки Лионел Месси дар нишасти матбуотии хайрбодӣ дар Барселона истифода кардааст, бо қиммати як миллион доллар фурӯхта мешавад. Ин эълон дар вебсайти Mercado Libre нашр шудааст.
Ҳамлавари аргентинӣ зимни эълони истеъфои худ аз Барселона ашк рехт, зеро барояш ҷудо шудан аз ҳамтоёнаш сахт буд.
Ёдрас мешавем, ки ҳафтаи гузашта клуби испании "Барселона" эълон намуд, ки бо Месси шартномаи нав имзо намекунад.
Тибқи иттилои расонаҳо, созишномаи "ПСЖ" бо ин барандаи шашкаратаи "Тӯби тиллоӣ" барои ду сол бо имкони тамдид то моҳи июни соли 2024 шартнома бастааст. Маоши бозигари машҳур дар як мавсим 35 миллион евро хоҳад буд.
Бошгоҳи қатарӣ ба Месси барои гузариш 1 миллиард евро пешниҳод кард. Месси ҳамроҳи ин клуб даҳ чемпионати Испания ва ҳафт Ҷоми Испанияро ба даст овард, илова бар ин, ӯ чор маротиба қаҳрамони Лигаи Чемпионҳо шудааст.