Асадулло Садриддинов бо ҳамсараш имрӯз раводиди сафар ба Ҳаҷи умраро ба даст оварданд.
Валид бин Абдурраҳмон ал-Решайдон сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, Асадулло Садриддиновро, ки ба ҳузур пазируфт.
Қаблан хабарнигори араб дар Твиттер хабар дода буд, ки як ҳайъати расмӣ аз Арабистони Саудӣ аз меҳмоннавозии як ҷавони тоҷики кӯҳистонӣ бо номи Асадулло ба ваҷд омаданд, барои ӯву ҳамсараш роҳхатҳо ба Ҳаҷҷи умраро туҳфа карданд.
Ин ҳайъат бо шумули сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ва раҳбари яке аз сандуқҳои кумакҳои хайрияи ба номи малик Салмон барои тақсими кумакҳо ба манотиқи зарардида равона буданд ва вақти расидани шом ки дар роҳ буданд, як ҷавони комилан ношинос бо номи Асадулло онҳоро дар роҳ дида, барои ифтор ба манзили худ даъват кардааст.
Меҳмонон ин даъватро пазируфта, дар хонаи Асадулло рӯзаашонро кушодаанд.
Меҳмоннавозии ин ҷавон ончунон ба меҳмонон аз Саудӣ хуш омад, ки сафири Арабистони Саудӣ иброз дошт, ки омодааст барои рафтани ӯ ба Ҳаҷҷи умра мусоидат кунад. Асадулло ин туҳфаро пазируфт ва гуфт, дилаш мехост, ки ҳамроҳи ҳамсараш ба Ҳаҷ биравад.
Раҳбари сандуқи кумакҳои хайрияи ба номи малик Салмон ба навбати худ гуфт, ки омода ҳаст харҷи сафари Ҳаҷҷи ҳам Асадулло ва ҳам ҳамсари ӯро ба дӯш бигирад.
Сафир Валид бин Абдураҳмон ар-Решайдон барои меҳмоннавозии самимии Асаддулоҳ, ки ин сатҳи меҳмоннавозӣ барои бародарони тоҷик бегона нест, арзи сипос намуда, барояш дар анҷоми маросими умра барору комёбӣ таманно намуд.
Дар ин бора аз дафтари матбуотии Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ба сомонаи Оила хабар доданд.