Formula novemver 2024
Ҷасади Сафияхонро аз вилояти Сирдарё ёфтанд
827

Имрӯз тобути духтарчаи 10- солаи тоҷик Сафияхон Раҳматоваро, ки аз 7-феврал бе ному нишон гашта буд, аз ҷумҳурии ҳамсоя- Ӯзбекистон ба Ватан меоранд.

Дирӯз Саидаъзамхон Раҳматов, падари Сафияхони ғуррамарг дар сӯҳбати телефонӣ гуфтааст, ки ҷасади духтараш дар яке аз сардхонаҳои Ӯзбекистон қарор дорад ва онҳо ҳуҷҷатҳои заруриро тахт карда, субҳи 13-март тобути ӯро ба Ватан меоранд...

Ба иттилоъи Мирзораҳим Абдуллоев, роҳбари бахши КҲФ шаҳри Хуҷанд, ҷасади духтарчаи 10-солаи тоҷик Сафияхон Раҳматоваро баъди 34 рӯзи гум шуданаш, ғаввосони ӯзбек аз канали ҷануби Мирзочул дар шаҳри Ширини вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон пайдо кардаанд.

“Ҷасади духтарчаро кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқудодаи Ӯзбекистон рӯзи 12-уми март баъди нисфирӯзӣ, тахмин соатҳои 15:15 дарёфт кардаанд. Ҷасади духтарак дар сардхонаи Муассисаи тиббии ноҳияи Боёвуди вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон қарор дорад”

-дар такя ба гуфтаҳои роҳбари бахши КҲФ шаҳри Хуҷанд Мирзораҳим Абдуллоев навиштааст Пресса ТЧ.

Бино ба гуфтаи падари Сафияхон, эҳтимол субҳи имрӯз, 13-уми март, соати 10 онҳо вориди Тоҷикистон мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД