Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз пайдо шудани ҷасади марде аз соҳили рӯди Душанбе хабар дод.
Тавре манбаъ мегӯяд, аз намудор шудани ҷасаде дар соҳили рӯди Душанбе, дар шафати боғи фарҳанг ва истироҳатии ба номи Умари Хайём ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид.
Онҳо ҷасадро бо истифода аз таҷҳизоти махсуси наҷот аз поён ба боло бароварда ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоридаанд. Шахсияти ҷасад номаълум буда, тахмин меравад, ки ин мард 45-50 сол дорад.
Барои муайян кардани сабабҳои марги ин ҷасад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтишотро оғоз кардааст.