Рӯзе қабл ҷасади як духтари 16-соларо аз дарёи Кофарниҳон ёфтанд. Тахмин меравад, ки ин духтараки ноболиғ худро ба об партофтааст.
Ба иттилоъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷавондухтаре, ки ҷасадашро аз дарёи Кофарниҳон пайдо намуданд, сокини ноҳияи Файзобод Исмонзода Нозия Бурҳон будааст.
Ҳодиса ҳафтае қабл, рӯзи 6-уми декабр сар зада, ҷасади духтаракро рӯзи 11-уми декабр сокинони маҳаллӣ дар минтақаи Ваҳдат пайдо карданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорданд.
Сабаби худро ба об партофтани духтар дақиқ нест.
Ёдовар мешавем, ки сурати ин духтар чанд рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашта, наздиконаш аз корбарон хоҳиш доштанд, ки барои пайдо карданаш кӯмак кунанд.
Дар он зикр мешуд, ки ин духтарак баъди сабти навори кӯтоҳ дар назди дарёи Кофарниҳон бедарак шудааст.
Ниҳоят баъди панҷ рӯзи ҷустуҷӯҳои бенатиҷа ҷасади ин духтари ноком дар минтақаи Ваҳдат рӯи об баромадааст.