Шумораи корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ дар шаҳри Истаравшан сол то сол афзуда истодааст. Чанде пеш дар ин шаҳри бостонӣ боз як корхонаи нави замонавӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки ба истеҳсоли техникаи маишӣ машғул аст. Дар ин бора раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ додааст.
Корхонаи нави таҷҳизоти техникӣ зери бренди "Арвига" истеҳсоли техникаи маиширо то соли 2023 ба роҳ мемонад. Тавре ки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ин корхонаи нави замонавӣ бо тамғаи "Арвига" яхдон, телевизор, чангкашак, мошинаи ҷомашӯйи ва дигар таҷҳизоти зарурии рӯзгорро истеҳсол хоҳад кард. Маъмурзода ҳамчунин қайд намуд, ки ҳамзамон дар шаҳри Истаравшан истеҳсоли антифирис ва равғанҳои муҳаррики мошин низ ба роҳ монда шудааст.
Тибқи маълумоти пешниҳод кардаи ҳокимияти маҳаллӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 дар шаҳри Истаравшан 6 корхонаи нави истеҳсолӣ-саноатӣ аз ҷумла; Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди "Файзи Тиҷорат" - истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ (ватин) бо 6 ҷойи корӣ, "Нури Истаравшан" - истеҳсолӣ ҷӯроб бо 27 ҷойи корӣ, "Санги Сабур" - истеҳсол ва коркарди қуму шағал бо 7 ҷойи корӣ, "Шарафи Рӯз" - корхонаи бисёрсоҳавии истеҳсоли бомпӯшҳои пластикӣ, қубурҳои никелии ороишӣ, ранг, маҳсулоти хушбӯйкунанда ва дигар маҳсулоти газӣ бо 16 ҷойи корӣ, "Абубакри Қаҳрамон" - истеҳсоли пойафзоли резинӣ бо 8 ҷойи корӣ ва "Абдуллоҳи Рустам" истеҳсоли мебел бо 4 ҷойи корӣ ташкил карда шуда, дар маҷмӯъ 68 ҷойҳои нави корӣ пайдо шуданд, ки ба беҳдошти зиндагии мардум ва пешрафти истеҳсолот мусоидат менамоянд.
Дар нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки тибқи нақша то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 60- корхонаи хурду калони истеҳсолӣ мавриди истифда қарор мегиранд.
Абдуғаффор Шодиев