Бачаи баномус
Муҳсин мактабро бо баҳои аъло хатм карда бошад ҳам, аз сабаби вазнин будани шароити зиндагиашон ба ягон мактаби олӣ ҳуҷҷат насупурда, чипта хариду ҳамроҳи чанд нафар ҳамдеҳагонаш Русия мардикорӣ рафт. Дар як сохтмон кор мекард. Корашон чунон вазнин буд, ки бечора бача нимашабҳо пайкарашро базӯр кашолакунон то хобгоҳ мерасонд ва ягон даҳон хӯрок хӯрда, дарҳол сар ба болин мениҳод, то боз субҳи барвақт бархезад. Ҳамарӯза 12-14 соат кор мекарданд. Аксари ҳамроҳонаш ба меҳнати вазнину пурмашшақат тоб наоварда, корро партофта рафтанд, вале Муҳсин, ки бачаи баномус буд, ба ҳама душвориҳо мардонавор тоб меовард ва бо сари хам «трактор барин» кор мекард. Маоши калон гирад ҳам, мисли дигар ҷавонон духтарбозию кайфу сафо карда намегашт, як тинашро ҳам беҳуда сарф накарда, тамоми маблаѓи ҳармоҳа мегирифтаашро ба падару модараш мефиристод, то ба касе муҳтоҷ нашаванд.
Ишқи муҳоҷир
Духтарҳои рус «Хусик» гӯён, аз пайи Муҳсин кашола мешуданд, то дили ин ҷавони зебои чашму абрӯсиёҳро ба даст оварда, оила бунёд намоянду тифлакони зебо ба дунё оранд, вале Муҳсин ба ягон нафарашон аҳамият намедод. Қарор дода буд, ки танҳо бо духтари тоҷик оиладор мешавад. Замира ном духтаракеро дар зодгоҳаш дӯст медошт ва қабл аз сафар ба Русия онҳо аҳду паймон баста буданд, ки баъди бозгашти Муҳсин тӯйи арӯсиашонро баргузор менамоянд. Падару модараш як қисми пулҳои Муҳсинро барои тӯйи хонадоршавиаш пасандоз намуда, бо умед барои келиншаванда зару зевар ва ҷиҳози зебои арӯсӣ мехариданд. Пайвандони домод ва худи Муҳсин бесаброна фаро расидани тирамоҳро интизор буданд, то тӯйи муроди ошиқонро биороянд, вале…
Садама
Моҳи ноябр Муҳсин корро ба итмом расонда, чиптаи бозгашт харид, вале ҳамон рӯзе, ки бояд ба Душанбе парвоз мекард, ҳангоми ба фурудгоҳ рафтан дар роҳ мошинашон ба як мошини дигар бархӯрд. Муҳсин ва чанд нафар ҳамроҳонаш дар натиҷаи садамаи автомобилӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанду ронанда дар ҷойи воқеа шаҳид шуд. Хабари ба садама гирифтор шудани коргари беҳтаринаш ба зудӣ ба гӯши сардори сохтмоне, ки Муҳсин дар он ҷо кор карда буд, расид ва Николай Петрович ҳама кору борашро партофта, дарҳол ба ҷойи ҳодиса шитофт. Ин марди русро ҳалолкорӣ ва дасту дили поки Муҳсин хуш омада буд ва ин тоҷикбачаро мисли фарзанди худаш дӯст медошт, бинобар ин, Муҳсинро худаш ба беморхонаи беҳтарин бурд. Муҳсин қариб як моҳ дар бемористон хобид. Пас аз рухсатӣ шуданаш низ Николай Петрович ба вай иҷозати ба Ватанаш рафтанро надода гуфт:
-Писарам, ҳоло ту шифо наёфтаӣ, метарсам, ки дар шароити кишварат боз ҳолат вазнин мешавад. Туро ман ба хонаи худам мебарам, се-чор моҳи дигар дар ҳамин ҷо ҳам табобат мекунию ҳам истироҳат, баъд ихтиёрат, хоҳӣ исто, нахоҳӣ ба Ватанат рав!
-Маро он ҷо арӯсам интизор аст,-посух дод Муҳсин.
-Хайр чӣ, бигзор интизор шавад,-якравӣ кард Николай Петрович,-дӯст дорад, шавҳар намекунад, вале тоқат карда натавонад, дигарашро меёбӣ. Ба ҳар як тори мӯйи ту барин ҷавони зебою меҳнатӣ сад духтар овезон мешавад. Афсӯс, ки худам духтар надорам, вагарна нахоҳӣ ҳам зӯран ба гарданат банд андохта, домод мекардам!
Ҳамин тавр Муҳсин боз чор моҳи дигар дар Русия монд ва пеш аз иди Наврӯз азми ба Ватан баргаштан кард.
Бозгашт ва хостгорӣ
Муҳсин ба хона баргаштан пас, дарҳол бо орзуву умедҳои ширин модарашро ба хонаи арӯсаш равон кард, то бо ризоияту дуои неки волидон маросими фотеҳаро гузаронда аз пайи тӯй шаванд. Тарафи духтар нею нестон накарда, хостгоронро қабул карданд, вале осори шодӣ дар чеҳраашон чандон намоён набуд. Ба назар чунин мерасид, ки онҳо аз ин издивоҷ хурсанд нестанд ё аз ким-кадом чизе ҳарос доранд. Тарафи домод хавотирию ношодии волидони арӯсро эҳсос карда бошанд ҳам, саргарми орзую ҳавасҳои ширини худ ба ин чиз чандон аҳамият надоданд, чунки бори аввал келин мекарданд ва таҷриба надоштанд. Маросими фотиҳаро волидони арӯс одиякак, танҳо бо иштироки наздиктарин пайвандонашон гузаронданд. Дар фотиҳатӯй на ҳамсояҳо буданд, на хешовандони арӯс. Модари домод сабаби чунин хурдакак ва бе наѓмаю усул гузаронидани фотиҳатӯйро дар камбаѓалии волидони Замира дониста, ният кард, ки тӯйро худаш бо шукӯҳу шаҳомат мегузаронад, то писару келинаш ба орзую ҳавасҳояшон бирасанд.
Нағмаҳои Замирахон
Тайёрӣ ба тӯй сар шуд. Барои ба загс ариза додан Замираро ҷеѓ заданд, вале арӯсшаванда худаш наомада, танҳо шиносномаашро фиристод. Муҳсин дар ҳайрат монд, ки чаро маҳбубааш наомад, худ ба худ мегуфт, ки наход Замира аз издивоҷашон хурсанд набошад, вале илоҷ наёфта, худаш масъалаи аз ақди никоҳ гузаштанашонро бо кӯмаки шиносҳояш ҳал карда, аризаҳоро супурду рӯзи тӯйро аниқ карданд. Барои харидани ангуштаринҳои никоҳӣ арӯсро ба бозор таклиф карданд, вале ин дафъа ҳам Замира баҳона пеш оварда, ҷавоби рад дод. Муҳсин сахт ранҷида аз модараш хоҳиш кард, ки рафта бо Замира сӯҳбат кунад, агар вай ба издивоҷ розӣ набошад, беҳтараш сари вақт тӯйро гардонанд, вале «бачем, духтар бе нозу ош бе пиёз намешавад, саратро бо фикрҳои беҳуда гиҷ накун» гӯён, даст афшонд модар ва таклиф кард, ки худашон ҳама чизҳои заруриро харида, ҳама такодави тӯйро ҳал кунанд.
Келини чодарпеч
Рӯзи тӯй Муҳсини дар либоси домодӣ даҳчанд зебошуда бо карнаю сурнай барои овардани арӯс ба хонаи волидони Замира рафт. Қудоҳо мисли дигар падару модарони пурорзу домодро бо пойандозу қандборон ва зиёфати бодабдаба пешвоз нагирифтанд. Ақаллан барои иззати домод як дастурхони оддӣ ҳам наороста буданд волидони арӯс, вале тарафи домод ба ин беэҳтиромӣ аҳамият надода, бо чеҳраи хандону шукуфон хурсанду дилшод мерақсиданду қарс мезаданд. Дар ҳавои суруду навои тӯёна домодро назди арӯс дароварданд. Арӯсро чунон фаранҷипеч карда буданд, ки рӯяшро дида намешуд. Муҳсин ва янгаҳои ҳамроҳаш омада ҳарчанд зорӣ карданд, ки ақаллан барои расмгирӣ рӯйи арӯсро як лаҳза кушоянд, волидонаш ва худи Замира розӣ нашуданд. Муҳсин орзу дошт, ки арӯсаш куртаи сафеди арӯсӣ ва фатта пӯшад, вале Замира ҳавасҳои ӯро ба хоки сиёҳ яксон кард. Худашро чодарпеч кардани арӯсаш ӯро сахт ба ѓазаб оварда бошад ҳам, хотири муҳаббати покаш ба Замира чизе нагуфта, лаб газид. Домоду арӯси чодарпеч мисли ду бегона пасопеш ба мошин нишастанд, зеро духтар намехост, ки Муҳсин дасташро дорад. Корвони мошинҳои зебо орододашудаи арӯсӣ аввал ба идораи загс, сипас ҷониби тарабхонаи бошукӯҳ равон шуд. Ҳофизон бо суруди «Ёр-ёр» ва хешу табори навхонадорон бо қарсакҳои бардавому нидоҳои муборакбодӣ келину домодро пешвоз гирифтанд. Номдортарин ҳофизон дар тӯй иштирок намуда, базмро тарабобод карда бошанд ҳам, дили домод худ аз худ сиёҳӣ оварда аз он дарак медод, ки нохушие думболагирашон аст. Меҳмонони аз тарафи арӯс омада низ ким чӣ хел нороҳат менамуданд.
Арӯс дар таги чодар зоид
Пас аз тамом шудани тӯй корвони мошинҳои арӯсӣ ҷониби хонаи домод равон шуд. Модари Муҳсин дар пеши пойи келинаш қолини калони гаронбаҳоеро пойандоз андохта ба сараш қанду қандалот пошид, то зиндагиашон ширин шавад. Бо риояи ҳама расму оин арӯсро ба хонаи бахташ дароварданд ва домод бо иҷозати пайвандони ҳамсараш ба берун баромад. Замираро зери чодари арӯсӣ дароварда оташи алови дегдонро даргирон карданд, то кабоб пухта, маросими рӯбинонро гузаронанд, вале ҳамин дам садои оҳу воҳи келин баланд шуда, ҳамаро ба ҳайрат овард. Янгаҳои ҳамроҳи арӯс омада, хешу табори домод ва меҳмонҳои бегонаро аз хона бароварда, дарро аз дарун маҳкам карданд. Дар хона танҳо модари арӯс ва хешованди наздикаш монданду халос. Модари домод саргарми давутози худ ба ин моҷаро аҳамият надод, вале баъди ним соат хабари шуме барқсон паҳн шуда, ҳамаро талхакаф кард. «Замира дар таги чодар таваллуд кардааст» гӯшакӣ мекарданд меҳмонҳои аз тарафи арӯс омада бо ҳамдигар. Акнун маълум шуд, ки чаро модари арӯс ҳамаро аз хона берун кардааст. «Кошкӣ замин мекафиду маро ба қаъраш мекашид, то ба чунин рӯзи сахт гирифтор намешудем. Ин духтар маро шарманда кард! Падараш пӯстамро аз танам ҷудо мекунад» гӯён, модари Замира сару рӯяшро меканду чунон боалам нола мекард, ки гӯё духтараш мурда бошад. Падару модари Муҳсин аз шармандагӣ сарашонро аз замин бардошта наметавонистанд. Тӯйхона ба мотамхона табдил ёфт. Падари домод, ки марди баномус буд, тоби расвоии келинро накарда ба сактаи дил гирифтор шуд. Муҳсини ҷигарсӯхта падари беҳушу беёдашро, ки лабонаш каб-кабуд шуда буданд ва танҳо рамақе аз ҷон дошт, бо чашмони ашколуд ба мошини ҷӯрааш бор карда, ба беморхона бурд. Модараш дар хона монда ҳам барои номуси барбодрафтаи писараш менолиду ҳам барои шавҳараш, ки дар дами марг буд, зор-зор мегирист. Арӯси бевиҷдону бераҳму бе шарм дар таги чодар бо тифлаки навзодаш ба ноз хобида буд ва ҳатто эҳсоси пушаймонӣ намекарду аз аҳли оилаи домод бахшиш пурсидан ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеомад…
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор бошед)