Vegapharm
АРӮС ДАР ШАБИ ТӮЙ ГУРЕХТ
6895

Синну солам ба зангирӣ расиду падару модарам хоҳиш карданд, ки ягон духтари таги чашм кардагӣ дошта бошам, бигӯям, то ба хонаашон хостгорӣ рафта, сари маро ҷуфт намоянд.

Азбаски дар дилам ишқи духтари муаллими Насриддин-Зӯҳро ҷӯш мезад, номи ӯро ба забон овардам. Модарам хурсанд шуда, кулчаю тӯшаи бисёре карда, келинбинӣ рафт. Бозгашташонро бо дили беқарор интизорӣ мекашидам. Ниҳоят хостгорҳо бо табъи болида баргаштанд.

Табассумкунон пурсидам: “шер ё рӯбоҳ?” Модарам хандида гуфтанд: “Дили муаллими Насриддинро ёфтем, Худо хоҳад, ба наздикӣ арӯси орзукардаатро ба хона мебиёрем!” Ин хабари хушро шунида, аз шодӣ дар куртаам намеғунҷидам. Волидонам дар фотиҳа дурудароз истодан хуб нест гӯён, дарҳол дар тараддуди тӯй шуданд ва тамоми хостаҳои тарафи қудоро аз будаш зиёдтар харида бурда доданд. Сарояндаҳои номдорро “заказ” карда, тӯйи пуршукуҳе оростан мехостем, ки таърифаш моҳҳо аз даҳони мардум наравад. Рӯзи тӯй субҳи барвақт бо либоси зебои домодӣ ба мошини “Лексус” нишаста, ба хонаи арӯс барои овардани маликаи орзуҳоям равон шудам. Корвони мошинҳои мо бо сигнали нишотангезаш тамоми ҳамсояҳои арӯсро ба кӯча баровард. Тарафи қудо моро бо гулборон пешвоз гирифта, дар пеши пойи ман пойандози зебо партофтанд ва рақсу бозикунон ба хонае дароварданд, ки дар девораш чодари арӯсӣ зада буданд. Дар таги чодар хостам пойи арӯсро зер кунам, вале ҳамин вақт чашмам ба Зӯҳро афтод, ки ба сару рӯи ману арӯсак қанд мепошид. Хаёл кардам, ки ба дилам корд халид. Арӯс аз дасти ман дошта, аз хонаи падараш берун мешуд, мани лолу гаранггашта бошам, дигар заминро дар зери поям ҳис намекардам. Дилам мехост фиғон кашам, ки ман Зӯҳроро мехостам, на апаашро, вале аллакай кор аз кор гузашта буд ва дар хона омадани мо-домоду арӯсро меҳмонони зиёду сарояндаҳои номдор интизор буданд. Зӯҳро пеш-пеши ману апааш рақс мекарду ман мисли паршикаста дарун ба дарун худро мехӯрдам. Бо табъи гирифта арӯсро ба хона оварда, ба модарам дарафтодам, ки чаро маро фиреб карданд, охир ман Зӯҳроро мехостам. Модарам иқрор шуд, ки Зӯҳроро ба як хеши дурашон фотиҳа карда будаанд ва муаллим “инҳо дугоник ва як себи дукафон барин ба ҳамдигар монанданд, фарқаш чӣ, Фотимаро келин кардан гиред” гуфтааст. Ин иқрори модар як дарди маро сад дард гардонд ва нафаҳмида мондам, ки тӯй чӣ гуна анҷом ёфт. Арӯсро аз сари тахт ба хона дароварда, ба ҷӯраҳоям гуфтам, ки Варзоб дамгирӣ меравем ва бо ҳамин баҳона аз хона баромадам. Аз тӯямон як ҳафта гузашта бошад ҳам, то ҳол ба Фотима наздик нашудаам. Арӯсро чашми дидан надорам. Намедонам то кай ману Фотима дар як хона мисли ду бегона зиндагӣ мекарда бошем. Сарҳисоби зиндагиамро гум кардаам, барои ҳамин аз хонандагони “Оила” маслиҳат пурсидан мехоҳам. Илтимос, роҳи дурусти ҳаётро ба ман нишон диҳед. “Сари кафида зери тоқӣ” гӯён, худамро маҷбур карда, бо Фотима зиндагӣ кунам ё аз баҳраш гузашта зани дигар бигирам?

Хонандаи “Оила”

Поделиться новостью
Шарҳ
(13)
Беном 2021-05-22, 16:31
Агар Фотима ба Зухро монанд бошад аз бахти аввал руй нагардонед бечора духтар айб надорад мард боз духтар мегирад барои духтар душвор
Посух
Далер 2021-05-23, 02:13
Э намурди ту.. какая тебе разница Фотима е Зухро??? Кунта чик зиндаги кун
Посух
... 2021-05-23, 09:42
Ами қисаро чанд сол пеш хонда будам оли фотима се бача кад чаро нав мерартоед
Посух
Мухаббат 2021-05-23, 10:29
Бечора арус ягон гунох надорад.
Посух
Рузафзун 2021-05-23, 10:31
Зиндагиро давом деҳ ва нагузор ки духтар чизеро ҳис кунад уро назди ту Худованд овард балки ту не....Ман ҳам як писареро нагз медидам аамо модарам маро бо маҷбури ба шавҳар дод зиндагиамро 3сол мешавад соҳиби духтарча шудам шавҳарам маҳбус аст лекин то ҳол раҳи уро нигоҳ дорам балки фарзанд дорам ва шавҳари ҳаётии ман аст чи хел руй гардонам зиндагиро давом деҳ длдарам
Посух
Шодмонзода 2021-05-23, 11:00
Замоне манҳам зиндаги бунёд кардам ҳамин гуна фикр доштам, ки духтари дустдоштаамро нагирам дигар ба ҳеҷ кас зиндаги намекунам аммо имруз ҳамсарамо да нағз дидаам зиёд дуст доштам ва фарзандор шудем боз муҳаббат зиёд шуд бародари азиз . Дустам падару модарат бароят як матои сафедан коре накун то охири умр як доғи сиёҳ дар он матоъ бимони зиндагиатро дуст дор ҳамааш хуб мешавад.
Посух
Хабиба 2021-05-23, 12:51
Бародари гироми, хаети ин духтарро насузонед. Шояд такдири шумо бо Фотима кайхо пайваст будааст ва оилаи шумо яке аз бехтарин оилахо шавад. Панохатон ба Худо
Посух
Заррина 2021-05-23, 15:05
Шумо саросема нашаведу сараввал якбор бо Фотима хамсухбат шавед. Шояд байни хардуятон якдигарфахми шавад. Мункин Фотима низ духтари хубе бошад. Бахтатонро пешпо назанед.
Посух
Шукуров Мухахмадсафар 2021-05-23, 21:02
Шукри худо кунед бародарчон чунки ин духтар бо умеди зиёд шавхар кардааст ту аз ин чудо шави шояд ин духтар дигар зиндаги хуб наёбад инашро фам
Посух
Дӯст 2021-05-24, 09:01
Бародари азиз тақдири шуморо на худатон балик Худо муайян мекунад шумо бо ки зиндагӣ мекунед. Дар ҳар коре ҳикмате дорад шояд ҳамин завҷаатон ба шумо варзандони бо имону бо тақво ба дунё биёрад ва ифтихори шумо дар дунё ва охират шавад. Чуноне ки Худо дар Қуръони маҷид мефармояд '' Дар Дар ҳар коре ки ба шумо писанд намеояд ва ҳикмати Худованд дар он аст'' бо завҷаатон хуш муомила бошед ва бо он зиндагӣ шеринро сипари кунед ва иншооллоҳ дар оянда ошиқи ҳамсаратон шавед. Ба шумо хушбахтии дунёро тамано дорем аз Худои якаву ягона.
Посух
Зевар Муминова 2021-05-24, 13:38
Аз такдир чои гурез нест. Бахти худро санчед. Мумкин Фотима аз Зухро низ аз хама чихат нагзтар бошад. Аниктараш духтари калони боаклу босабру пурбардор мешавад. Саросема нашавед боз мабодо пушаймон нашавед. Ба додаи Худо шукргузори карда токат кунед. Мумкин бахтатон дар дасти Фотима бошад.
Посух
Қудрат 2021-05-24, 19:54
Бахт бахти аввалай бародар
Посух
сара 2021-06-18, 13:44
Рут сиё и камтар дуруг шуд барои он ки наход якборхам пеш аз туй фотимаро надиди хунсупори нарафтен😂
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД