Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ва мураббии шинохтаи тоҷик Зайниддин Раҳимов пас аз ба итмом расидани қарордоди ҳамкории яксола бо розигии тарафайн онро тамдид накарданд.
Бино ба таъкиди ТВ “Варзиш”, дастаи “Регар-ТадАЗ” дар соли сипаригардида зери роҳбарии Зайниддин Раҳимов барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 гардида, соҳиби роҳхат ба мусобиқаи Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё шуд. Бо дарназардошти талаботҳое, ки мусобиқаи мазкур дорад, сармураббии дастаи иштироккунанда бояд ҳатман муҷаввиз (литсензия)-и PRO дошта бошад.
“Мо аз ҳамкории мутақобилан судманд бо шумо - Зайниддин Раҳимов сипосгузорем ва дар фаъолияти минбаъдаатон барору комёбӣ орзумандем!”,- омадааст дар сомонаи расмии бошгоҳи шаҳри Турсунзода.
Гуфта мешавад, ки ҳоло дастаро Тоир Муъминов тамрин дода истодааст ва исми сармураббии нави даста рӯзҳои наздик эълон мегардад.