Commerce bank may-june 2026
Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе - Чаноқ таъмин шудааст
02.06.2026
Oila.tj
134

Рӯзи 1-уми июн бориши бошиддати борон боиси омадани сел дар километрҳои 138-143-и роҳи Душанбе - Чаноқ (ҳудуди ноҳияи Айнӣ) гардидааст. Ба ин макон фавран техникаҳои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар ва оқибати офати табиӣ дар муддати кӯтоҳ бартараф гардидааст.

Бино ба иттилои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар натиҷаи ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ ва моддӣ ба қайд гирифта нашудааст.

- Рӯзҳои охир дар мамлакат, хоса дар масири Душанбе - Чаноқ бориши бошиддати борон боиси омадани сел, лағзиши кӯҳпора, фуруравии роҳ ва сангфароӣ гардид. Пайомадҳои офати табиӣ, махсусан дар минтақаҳои Варзобу Зарафшон ногувор буда, барои бетаъхир бартараф кардани онҳо кормандони филиал аз имкони мавҷуда самаранок истифода намуданд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД