Рӯзи шанбеи ҳафтаи равон ба ифтихори “Рӯзи пойтахт” дар шаҳри Душанбе ниммарафони XIV-уми байналмилалии Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашта, ҳаракати тамоми намудҳои нақлиёт дар як қатор кӯчаву хиёбонҳои пойтахт тӯли чанд соат маҳдуд карда мешавад.
Тавре аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додаанд, рӯзи 20-уми апрел бо мақсади баргузории ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе аз соати 08:00 то 11:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз буриши кӯчаҳои Саъдии Шерозӣ - Ҳофизи Шерозӣ то дидбонгоҳи Чорбоғ ва аз дидбонгоҳи Чорбоғ ба тариқи хиёбони Рӯдакӣ то майдони «Дӯстӣ» манъ карда мешавад.
Шуруъ аз 1-уми марти соли 2005 тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар кишварамон Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад.