Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки муҳлати маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш дар ҳудуди пойтахт то 11-уми сентябри соли 2026 тамдид карда шуд.
- Ин қарор бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, нигоҳдории ҳолати роҳҳо ва дар доираи омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст,- навиштааст манбаъ.
Мақомот аз соҳибони воситаҳои нақлиёти боркаш хоҳиш кардаанд, ки талаботи маҳдудияти мазкурро то 11-уми сентябр риоя намоянд.