toyota motors
Ҳаракати қатораҳо аз Душанбе ба Маскав барқарор карда мешавад
13.04.2026
Oila.tj
62

Дар ҳошияи Форуми якуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ, ки аз 1 то 3-юми апрел дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, Шоиста Саидмуродзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон бо муовини вазири нақлиёти Русия Дмитрий Зверев мулоқот намуда, масъалаи барқарорсозии ҳаракати қатораҳои мусофирбарро дар масири Душанбе-Маскав муҳокима намудаанд.

Тавре Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, зимни мулоқот ҳамчунин масъалаи афзоиши ҳаҷми мусофиркашонӣ ва боркашонӣ тавассути роҳи оҳан миёни ду кишвар, бунёди долонҳои нави нақлиётӣ ва ба роҳ мондани хатсайрҳои автобусӣ байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Русия матраҳ шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки ҳаракати қатораҳои мусофирбар дар хатсайри Душанбе-Маскав соли 2020 бо сабаби паҳншавии коронавирус қатъ карда шуда, то кунун барқарор нагаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД