Аз имрӯз, 12-уми июн Арабистони Саудӣ додани раводиди электронии сайёҳӣ (eVisa) барои шаҳрвандони Тоҷикистонро аз сар мегирад.
Дар ин бора Сафорати Арабистони Саудӣ иттилоъ дода, афзудааст, ки барои дарёфти раводид шаҳрвандони Тоҷикистон бояд аз сомонаи расмии www.visitsaudi.com дидан кунанд.
Ёдовар мешавем, дар охири моҳи апрели соли 2025 Арабистони Саудӣ Тоҷикистонро аз рӯйхати кишварҳое, ки шаҳрвандонашон метавонанд барои гирифтани раводиди электронии сайёҳӣ муроҷиат намоянд, хориҷ карда буд.
Раводиди электронии сайёҳии Арабистони Саудӣ (eVisa) барои як сол дода мешавад ва ба сайёҳон имкон медиҳад, ки дар ин кишвар то 90 рӯз бимонанд. Ин раводид имкон медиҳад, ки шахс саёҳату истироҳат кунад, хешовандонашро аёдат ва ҳаҷи умраро адо намояд.