Намояндагони ду кишвар - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барои қабули 25 тонна хурмо дар Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷамъ омаданд.
Ҷаноби Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон, Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон дар ҳузури Абдураҳмон Ҷамолзода, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи ба номи Шоҳ Салмон таҳти сарварии ҷаноби Холид Ал-Манеа 25 тонна хурморо супорид.
Лозим ба ёдоварист, ки Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон аз замони оғози кумак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 тарҳҳои зиёде ва кумакҳои башардӯстонаро ба маблағи беш аз 16 миллион доллари амрикоӣ ироа кардааст.