Федератсияи ҷаҳонии зидди фарбеҳӣ (WOF) дар як гузориш пешгӯӣ кард, ки то соли 2035 беш аз нисфи аҳолии ҷаҳон бо мушкитли вазни зиёдатӣ ё фарбеҳӣ гирифтор хоҳанд гашт. Гуфта мешавад, ки ин мушкилот дар даҳсолаи наздик бештар кӯдаконро фаро мегирад.
Назар ба гуфти коршиносони WOF, мушкили вазни зиёдатӣ ва фарбеҳӣ дар ҳама кишварҳои ҷаҳон вуҷуд дорад, аммо дар кишварҳои камдаромад теъдоди афроди мубтало ба ин мушкилот солҳои охир бахусус босуръат афзоиш меёбад.
Тибқи ҳисоботи WOF, агар вазъ мисли ҳозир идома ёбад, то соли 2035 беш аз 4 миллиард нафар дар ҷаҳон вазни зиёдатӣ хоҳанд дошт, ки 2 миллиард нафари онҳо аз фарбеҳӣ азият мекашанд. Дар ҳамин ҳол, то соли 2035 теъдоди писарони фарбеҳ ду баробар афзоиш ёфта, ба 208 миллион нафар ва духтарони фарбеҳ ба 175 миллион нафар мерасад.
Мувофиқи пешгӯии WOF шумораи гирифторони бемории фарбеҳӣ дар ин кишварҳо меафзояд: Кирибати ва Тонга (67% аҳолии калонсол), Самоа (66%), Микронезия (64%), Полинезияи Фаронса (65%). Дар байни кишварҳое, ки вазъият қаноатбахш мегардад, Ветнам (7 фоиз), Ҷопон (8 фоиз) ва Сингапур (9 фоиз) мебошанд.
Оқибатҳои иқтисодии фарбеҳӣ барои ҷаҳон, тибқи ҳисобҳои WOF, ҳамасола беш аз 4 триллион долларро ташкил медиҳад, ки тақрибан 3% маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳониро ташкил дода, бо зарари иқтисоди ҷаҳонӣ аз пандемияи COVID-19 баробар хоҳад буд.