Ситораи машҳури “Голливуд” Анжелина Ҷоли тасмим гирифтааст, ки барои кӯдакони бар асари ҷанг бе падару модар мондаи Ғазза деҳаи махсус бисозад.
Дар ин бора Самер Синилави, фаъоли фаластинӣ дар ҷараёни як мубоҳисаи интернетӣ, ки аз ҷониби Бунёди Candid дар Олмон ташкил шуд, хабар дода, изҳор доштааст, ки ҳунарпешаи маъруф Анжелина Ҷоли барои кӯдакони ятим дар навори Ғазза як деҳаи бузурги SOS бунёд менамояд. Ин ташаббуси Ҷоли садоқати актриссаи машҳурро ба арзишҳои башардӯстона ва хоҳиши кумак ба кӯдакони бар асари даргириҳо осебдида нишон медиҳад.
“Тарҳи мазкур дар пасманзари чолишҳои азими марбут ба бозсозии Ғазза баррасӣ мешавад, ки ҳазинаи он то 80 миллиард долларро ташкил медиҳад ва ба ҳисоби коршиносон, барои дубора обод гаштани он солҳои тӯлонӣ лозим аст”,- навиштааст Altruist_news.
Анжелина Ҷоли қаблан ҳамлаҳои Исроилро ба Ғазза маҳкум карда, таъкид намуда буд, ки куштори мардуми одӣ, ки на силоҳ доранд ва на паноҳгоҳ, амали бераҳмона аст.