arzon replenishment
АНВАРОЙ МАРО “ПОДСТАВИТ” КАРДА, ДУХТАРИ БЕРОҲААШРО БА ГАРДАНАМ БОР КАРД,- МЕГӮЯД ЭҲСОН
17.09.2020
Р. Азимӣ
6191

 

Соат 12-и шаб буд. Аз таксӣ фарома ба самти иҷорахонаам равон будам, ки баногоҳ чашмам ба духтараки гирёне афтид. Ба ӯ чӣ шуда бошад гуфта, наздиктар рафтам ва меҳрубонона пурсидам:

-Барои чӣ гиря мекунӣ? Ягон кас туро озор дод?

-Не акаҷон, афтидам,-духтарак инро гуфта баландтар гирист. Маълум буд, ки дарди ниҳоне дорад, аммо аз гуфтанаш шарм медорад. Дилсӯзона гуфтам:

-Ягон мушкилӣ дошта бошӣ, шарм надошта гуфтан гир хоҳарҷон, аз дастам ояд, ёрӣ мерасонам.

Духтар гӯё маътали ишорат буд, ки рост ба чашмонам нигариста зорӣ кард:

-Акаҷон, агар тавонед, маро ҳамин шаб дар хонаатон ҷой диҳед, ҷойи рафтан надорам. Метарсам, ки ба дасти ягон авбош наафтам...

Аз ҳисси дилсӯзӣ он духтари ношиносро ба хонаи иҷораам овардам. Шаб меҳмони нохондаамон дар хонаи калон, яъне зал хоб кард, ману ҷиянам бошем, дар ҳуҷраи дигар хуфтем.

Субҳ духтарак аз мо барвақт хеста, тамоми кору бори хонаро ба анҷом расонидааст. Ба ӯ раҳмат гуфтам ва пеш аз кор рафтанам таъкид кардам, ки гар ба ягон хешу табораш занг заданӣ бошад, метавонад аз телефони ман истифода барад. Меҳмон ин пешниҳоди маро рад карда гуфт, ки то аз хӯҷанд омадани модараш сабр мекунад ва хоҳиш кард барои боз чанд рӯзи дигар дар ин ҷо монданаш иҷозат диҳам.

Ман, ки табиатан одами софдил ҳастам, розигӣ додам. Он гоҳ ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки некӣ карда, ба сари худ бало мехарам.

Хулласи калом, се рӯз пас модараш омад ва ман торти калоне харида, меҳмонамро бо ду дасти адаб бурда ба соҳибаш супурдам. Волидааш ба ман раҳмат гуфта, бо табассум гуселам кард, аммо...

Нав ба хона расида будам, ки телефонам занг зад. Гӯширо бардоштам.

-Ту сагбача ба духтари ман чӣ кор кардӣ? Аз танҳоияш истифода бурда, ба номуси ӯ расиди-а?! Фикр кардӣ, ки ин корат бе ҷазо мемонад? Хобатро ба об гӯй! Ҳозир ба идораимилиса рафта аз рӯйи аризаи шикоятӣ менависам. Туро турма накунам, номам Анварой набошад! Барои номуси духтарамро доғдор карданат як умр дар кунҷи зиндон пӯсида меравӣ,-таҳдид кард зан.

Ҳангу мангам канд. Ҳайрон шудам, ки чаро ин зани умраш ба ҷое расида ба ҷойи ба ман ташаккур гуфтан, ки духтарашро дар хонаам ҷой додам, чунин туҳмати ноҳақро ба поям часпондан мехоҳад. Саргум зада чи кор краданамро намедонистам.

Аз байн якуним-ду соат гузашта буд, ки садои занги дар баланд шуд ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ зада ба манзилам даромаданд. Ҳарчанд ба онҳо мефаҳмондам, ки ман аз дилсӯзӣ он духтарро ба хонаам роҳ додам ва ҳатто дасташро бо нияти бад надоштаам, ба гапам гӯш накарданд.

Ҳамин тавр корам ба милисаву судкашӣ афтид. Дар рафти тафтишот фаҳмидам, ки ин духтар бистр рӯз пеш аз хонаашон гурехта будааст. Модари айёраш бадном шудани духтарашро дида, мехост бо тӯҳмату таҳдид ӯро ба гардани ман бор кунад. Ҳарчанд кӯшиш кардам, ки бегуноҳиамро исбот созам, нашуд. Духтари бегонаро се рӯз дар хонаам нигоҳ доштанам балои ҷонам гашта буд. Ҳис кардам, ки агар ягон чора наҷӯям, бо тӯҳмат ба зиндон меафтам ва ба тақдир тан дода, пешниҳоди Анваройро, ки мехост духтари тардоманашро ба гардани ман бор кунад, қабул кардам.

Ҳамин тавр маро маҷбуран зан доданд. Никоҳ карда бошем ҳам, дилам ягон зарра ба арӯси зӯран ба гарданам овезон шуда гарм нест. Шабҳо ӯ дар як хона мехобаду ман дар хонаи дигар.

Мақсади ба Оила муроҷта карданам он аст, ки ҷавонмардони тоҷик ҳушёр бошанд ва мисли мани содадил ба ҳар шиносу ношинос раҳм кардаву бегонагонро ба манзили худ роҳ дода, ба сарашон бало наоранд.

Эҳсон, сокини ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД