Sebiston new 2024 october
Анонси шумораи №51-уми ҳафтаномаи “Оила”
2655

Дар шумораи №51-уми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Духтарамро қариб мекушт”, “Марди бепарво ба дилам задааст”, “Аз ғайбати хушдоман безор шудам” таҳия гардидааст.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтанома бо овозхон, бонуи ҳунарпеша Анисаи Азиз оид ба зиндагиву фаъолияти эҷодиаш пешниҳоди хонанда мегардад.

“Гули рӯи қабр” сарнавишти занеро инъикос менамояд, ки хеле барвақт аз шавҳар бева монда, ба танҳоӣ фарзандонашро ба воя мерасонаду баъди оиладор кардани фарзандон аз беморӣ вафот мекунад. Баъди марги модар фарзандонаш огаҳ мегарданд, ки тамоми ин солҳо марди баобрӯе модари онҳоро дӯст медоштаасту баъди маргаш ҳамарӯза ба сари қабраш гулҳои тару тоза меорад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои нозуки динӣ аз ҷониби намояндагони дин посух дода шудааст. Дар ин ҳафта ба саволҳои “Гиря карда, намоз хонам?”, “Азонро шунида, чӣ кор кунем?”, “Ҷин пешгӯӣ мекунад?”, “Шавҳар ҷустан гуноҳ аст?”, “Се моҳи шавҳардорӣ барои зан кофист?”, “Барои пешгирии вирус спирт нӯшам?” ва дигар саволҳо посухро мутолиа намоед. 

Дар рубрикаи “Номҳои тоҷикӣ” шумо метавонед номҳои духтарона ва писаронаро, ки бо ҳарфи “А” сар мешаванд, барои фарзанди навзоди худ интихоб намоед.

Дар рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволи хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволҳои “Қарзи бе шоҳидро баргардонида метавонам?”, “Миллатамро дигар карда метавонам?”, “Соҳибмулк ҳисобида мешавам?” ва “Амакаш монеи таҳсили духтарам мешавад” посухи адвокат дода шудааст.

“Вақте мард мегиряд” зиндагиномаи мардест, ки аз рӯзи аввали издивоҷ зани худро дӯст доштаву эрка мекунад. Бо вуҷуди он ки занаш хеле танбалу коргурез бошад ҳам, мард тамоми солҳои ҳамзистӣ ба ин кори занаш чашм пӯшида, билохира баъди ба воя расидани фарзандон барои таъмини беҳтари онҳо роҳ ба сӯи муҳоҷират мегирад. Шабе касеро огаҳ накарда, мард ба хонааш бармегардаду зани худро бо марди дигар меқапад.

Дар саҳифаи 10 “Муҳимтарин навгониҳои Ютуб, ТИК-ТОК ва Инстаграм” пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳои ҷолибро аз олами шабакаҳои маъруфтарини интернетӣ таҳти сарлавҳаи “Аз дуздида шудани саҳифаи ютуби овозхони тоҷик то таассуроти Диловар Сафаров аз нақшофарӣ дар Чин” мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “10 маҳсулоти муфид барои мӯй” ва “7 нишонаи дандон баровардани кӯдак” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Дар рубрикаи “Нигоҳи зан” таҳти унвони “Шавҳарам зани ҷавон гирифту...” нуқтаи назари бонувон дар мавриди зани дуюм гирифтани шавҳар гирд оварда шудааст.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД