Sebiston new 2024 october
Анонси шумораи №50 ҳафтаномаи “Оила”
22.12.2022
ОИЛА
557

 Дар шумораи №50 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

 

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Хона нахарӣ баромада меравам”, “Аз дасти моиндари шавҳарам рӯз надорам”, “Шапалоқи бахтсӯз” мутолиа намуда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа аз овоза то ҳақиқат бо номи “Хуршеди Шокир ба Рустами Сарбандӣ сурб дод?”

“Барои шавҳарам симчӯби оҳанӣ будам ” қиссаи занест, ки бо вуҷуди шавҳар кардан то ҳанӯз ошиқи хаёлии нафари дагар аст.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои кутоҳи хонандагон дар мавзӯи динӣ саволу ҷавобҳои кутоҳ дарҷ гардидааст. Дар қисмати дигари ҳамин саҳифа хабарҳои кутоҳи варзиширо мутолиа карда метавонед.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз “ногуфтаҳо”-и Зиёвиддин то “Сарнавишт”-и Leo мутолиа намоед.

Дар рубрикаи чеҳра зиндагинома ва фаъолияти ҳунарии ҳунарманди маҳбуб Абдулмъмин Шарифӣ пешниҳоди мухлисон мегардад.

Дар рубрикаи солимӣ оиди бемориҳои зимистонаи занона маводи тиббиро мутолиа намоед.

Қиссаи “Фоҷиаи Юсуф ва Зулайхо”, ки дар саҳифаи 11-и ҳафтанома дарҷ гардидааст, сарнавишти занеро қисса мекунад, ки бо вуҷуди хеле бадрашк буданаш оқибат шавҳарашро ҷияни худаш соҳиб мешавад.

 

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД