Arzon march 2024
Анонси шумораи №32-юми ҳафтаномаи “Оила”
1682

Дар шумораи №32-юми ҳафтаномаи “Оила”

маводҳои зеринро мутолиа намоед:

 “Мардро лафзаш ҳалол” чунин аст сарлавҳаи саволе, ки аз ҷониби хонандаи ҳафтанома ба идора ирсол гардидааст. Мутаассифона, мавзӯи мазкур доғи рӯз буда, мардоне ҳастанд, ки қабл аз издивоҷ ба занҳо куҳи тиллоӣ ваъда мекунанду баъдан онҳоро бо фарзандони хурдсол миёнаи роҳ мекунанд. Чаро баъзе мардон лафз надоранд? Ба саволи мазкур нуқтаи назари чанд нафарро мутолиа намоед.

Қиссаи “Гургалӣ” аз зиндагиномаи ҷавоне навишта шудааст, ки бо сабаби Гургалӣ ном доштанаш аз хурдӣ мавриди мазоқу масхараи ҳамсолону ҳамсинфон ва билохира ҳамкурсон қарор мегирад. Оқибат кор ба ҷое мерасад, ки барои таҳқир ба сари ҳамкурсаш мушт фароварда, ба ҷавобгарӣ кашида мешаваду 2 сол зиндонӣ мешавад.

Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтаномаро таҳти унвони “Фиребу фитнаву найранг бисёр аст” бо сарояндаи ҷавону умедбахш Шукронаи Баҳодур оид ба тамоми паҳлуҳои зиндагиву фаъолияташ мутолиа намоед.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии рэпсарои ҷавон Басстер маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

Дар қиссаи “Ишқи пурмоҷарои духтари ҷӯгӣ” нақли ҷӯгидухтаре оварда шудааст, ки ба як ҷавони тоҷик ошиқ шуда, ҳатто ба суроғаш мераваду ғайриихтиёр сабаби хушбахт гаштани ҷавон мегардад.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “Шугаринг” зарар дорад?” ва “Роҳҳои дурусти паст кардани табби кӯдак” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома таҳти унвони “Зиндагӣ аз пули казино”, “Ҳукми бӯсаи хушдоман”, “Фиреби давлат низ гуноҳ аст”, “Фазилатҳои намози бомдод”, “Мӯйсаршинонӣ гуноҳ аст?” аз ҷониби мутахассисони Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон посух дода шудааст.

 

Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Куштор дар хоб” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Аз занам шарм медорам!”, “4 қайсингил дар пӯстам коҳ ҷой мекунанд” дарҷ гардидааст.

Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД