arzon replenishment
Анонси шумораи №31-уми ҳафтаномаи “Оила”
1636

Дар шумораи №31-уми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

“Вақте келинро одам ҳисоб намекунанд” чунин аст сарлавҳаи саволе, ки аз ҷониби хонандаи ҳафтанома ба идора ирсол гардидааст. Чаро дар баъзе оилаҳо нисбати келин ноҳурматӣ зоҳир мекунанд? Ба саволи мазкур нуқтаи назари чанд нафарро мутолиа намоед.

“Сарнавишти талхи Ҷамшед” қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагӣ ва сарнавишти як мард навишта шудааст, ки дар зиндагӣ танҳо аст. Ҷамшед Деҳқонбоев зодаи шаҳри Душанбе буда, ба дарди бедавое гирифтор мебошад, ки ҳатто номи ин бемориро навиштан манъ аст. Ин ҷавонмарди 38-соларо зиндагии пур аз ғаму дард ва ранҷу азоби беморию танҳоиву бекасӣ ба идораи мо овардааст. Модар надорад, падараш зинда бошад ҳам, аз вай рӯй гардонидааст. Мо қиссаи дардноки зиндагии Ҷамшедро аз забони худаш манзури шумо мегардонем.

Дар қиссаи “Парии ланг” аз зиндагиномаи духтараке навишта шудааст, ки волидонаш ӯро маҷбуран ба ҷавони авбошу таҷовузкор оиладор кардан мехоҳанд, вале Салима аз ноилоҷӣ, аз он ки наздиконаш ба доди ӯ намерасанд, даст ба худкушӣ мезанад. Баъди марги фарзанд модараш аз кори карда пушаймон мешавад, вале дер мешавад.

“Лаҳзаи вопасин” чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки аз зиндагиномаи як зани дар дами пирӣ бе касу танҳо ва фарзанди ягонаву дилсардаш навишта шудааст.

Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтаномаро таҳти унвони “Ҳоло ба ҳунари асил камтар аҳамият медиҳем” бо саркоргардони Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов Ватандор Шеров оид ба тамоми паҳлуҳои зиндагиву фаъолияташ мутолиа намоед.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии блогербонуи шабакаҳои иҷтимоӣ Баҳора Рузиева маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “Офтоб коллагени пӯстро нобуд месозад” ва “Табобати халқии хоришак ва бемориҳои занона” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” тақвими вақтҳои намозро барои моҳи август, ки аз ҷониби Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, дастрас карда метавонед.

Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Ба дӯзах афтидан дар хоб чӣ таъбир дорад?” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Ба яккаписар духтар надеҳу яккадухтарро келин накун!”, “Хона нахару ҳамсоя хар!”, “Зан хона дошта бошад, мард ғулом мегардад” дарҷ гардидааст.

Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД