Дар шумораи №3-юми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
Дар рубрикаи “Иродаи зан” таҳти унвони “Аз Қӯқанд то Ашт” маводе аз пайроҳаи зиндагии як табиби музофотӣ Махсуда Курбанова дарҷ гардидааст, ки номбурда аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кишвари мо омада, тамоми умри худро ба солимии занҳо ва таваллуд ёфтани тифлакони солими занҳои деҳоти ноҳияи Ашт бахшидааст.
Сарлавҳаи рубрикаи “Зан ва мард” таҳти унвони “Мард баъди 65-солагӣ ба зан ниёз дорад?” фикру ақидаи бонувонро оиди дар пиронсолӣ бе зан мондани мардҳо баён менамояд. Мавзӯи интихобнамуда характери тарбиявӣ дошта, бори дигар фарзандонро ба андеша водор менамояд, ки дар пиронсолӣ волидони худро танҳову бе кас намонанд.
“Маро номард гӯед, аммо...” сарнавишти марде аст, ки аз ҷониби ҳамсараш хиёнат дида бошад ҳам, тамоми умр барои нигоҳубини фарзандаш чизеро дареғ намедорад, вале дар охир сардиву бемеҳрии ҷигарбандашро дида, ашк мерезад.
Дар рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволи хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволҳои “Марди бе пул алимент месупорад?”, “Пулҳоямонро чӣ тавр баргардонем?”, “Маҳбусон ҳуқуқи оиладоршавӣ доранд?” ва “Доғи судӣ дошта бошӣ, ба хизмат меравӣ?” посухи адвокат дода шудааст.
Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати аз муҳоҷират то пайроҳаи эҷодии блогери шинохта Ғолибҷон Мӯсоев мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” ба саволҳои нафароне, ки дар қаламрави Русия қарор доранду барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ба куҷо рафтану ба кӣ муроҷиат кардани худро намедонанд ва ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, аз ҷониби мутахассисон посухро мутолиа намоед.
Дар “Ошхонаи “Оила” сарояндаи шинохтаву маҳбуб Фирӯза Ҳафизова барои мухлисони худ қурутоб омода месозад.
Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “7 қадами муҳим барои солим мондан” ва “10 қоидаи зебоӣ дар зимистон” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.
Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ посухи намояндагони динро аз ҷониби Шӯрои уламои кишвар мутолиа намоед. Ҳамзамон ба саволҳои “Занҷир бастани мардон ҳаром аст”, “Арӯсбозӣ баъди зангирӣ”, “Дугонаам ҷодугар аст”, “Озмоишҳои доруҳо дар ҳайвонот”, “Нишона аз биҳишт ё дӯзах” ва “Ҳукми хӯрдани гӯшти хом” посухро мутолиа намоед.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!