Дар шумораи №3 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Зӯрамон ба писари ҷӯрабозам намерасад”, “Ишқи интернетӣ бехонумонам кард”, “Дод аз дасти хусури занмиҷоз” мутолиа намуда метавонед.
Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа дар рубрикаи “Хобнома” ба саволи хонанда “Пӯшидани либоси арӯсӣ дар хоб чӣ таъбир дорад?” посух дода шудааст.
Қиссаи “Маҳбубаам моиндарам шуд”, ки дар саҳифаи 3-и ҳафтанома дарҷ гардидааст, аз нақли ҷавонмарди дар ҷодаи ишқ фиребхӯрдае таҳия гардидааст. Ҷавон ба духтаре ошиқ шуда, нияти оиладор шуданро дорад, вале баъди чанде аз ҳамхона шудани падараш бо дӯстдоштааш хабардор мегардад...
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои кутоҳи хонандагон дар мавзӯи динӣ саволу ҷавобҳои кутоҳ дарҷ гардидааст. “Бастани соати тиллоӣ ба мард ҷоиз аст?, Мӯйсаршинонӣ ҷоиз аст?, Хусурамро шустушӯ кунам?, Як сураро ду бор хонам?, Ҳавзи Кавсар чӣ гуна ҳавз аст?, Қасами қиморбоз воқеъ мешавад?” саволҳои инҳафтаинаи ҳафтанома маҳсуб меёбанд.
“Арӯс аз кӯча” қиссаи бадномшавии як хонадони хушбахту соҳибобрӯе аз дасти як фоҳиша аст, ки бар ивази некӣ мушкилоти зиёдеро аз сар мегузаронад.
Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз саҳнаи нави “Хандинкамон” то овозхони ниқобпӯш” мутолиа намоед.
Дар рубрикаи чеҳра дар боби зиндагии шахсии сарояндаи машҳуру маҳбуб Зулайхо Мамадшоева ба саволҳои худ посух пайдо карда метавонед.
Дар рубрикаи солимӣ таҳти унвони “7 бемории мардона, ки дар зимистон хурӯҷ мекунанд” маводи тиббиро мутолиа намоед.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!