Дар шумораи №29-уми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
Марҷона Ҳасанова яке аз ҳунармандони ҷавонест, ки дар соҳаи интихобнамудаи худ ҳамто надорад. Ӯ виолончел менавозад. Ин асбоб ғайриоддӣ аст ва на ҳар кас онро навохта метавонад, вале Марҷона дар натиҷаи омӯзишҳои пайваста ва таҷрибаи бисёрсола ба пояи устодӣ расидааст. Ӯ феълан навозандаи мумтози ин асбоби мусиқӣ ба шумор меравад. Оиди зиндагиву муваффақиятҳои Марҷона дар рубрикаи “Иродаи зан” мутолиа намоед.
Чаро шавҳар зани худро ғайбат мекунад? Магар ин одат ба мард мезебад? Чунин амали мардро зан чӣ гуна қабул мекунад? Посухи ин суолро дар рубрикаи “Назарпурсӣ” таҳти унвони “Вақте шавҳар занашро ғайбат мекунад” пайдо кардан мумкин аст.
“Зан ҷафою саг вафо” қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагӣ ва сарнавишти як мард навишта шудааст, ки дар ҷавонӣ хеле хушбахт аст, вале баъдан фоҷиаҳои зиёде ба сараш омада, наздиконашро аз даст медиҳаду чашмонаш нобино мешаванд. Вақте занаш аз шавҳари нобино рӯ мегардонад, Расул руҳафтода нашуда, сагеро гирифта калон мекунаду ҳамдаму ҳамрозаш ҳамин ҷонвари вафодор мегардад.
Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтаномаро таҳти унвони “Ҳалол кор кардан мехоҳам” бо блогери инстаграм Муродҷон Атакузиев оид ба тамоми паҳлуҳои зиндагиву фаъолияташ мутолиа намоед.
Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии блогери шабакаҳои Ютуб ва Инстаграм Мирзоёр Ғаюров маълумоти аҷибро мутолиа намоед.
“Шавҳари ҷавон “банкрот”-ам кард” чунин унвон дорад, қиссаи навбатӣ, ки амсолаш солҳои охир дар ҷомеаи мо хеле зиёд рух медиҳад. Мутаассифона, имрӯз шумораи мардоне, ки ба пулу моли занҳои доро чашм ало мекунанд, хеле зиёд шудааст. Қиссаи мазкур давомдор буда, идомаи онро дар шумораи ояндаи ҳафтанома мутолиа карда метавонед.
Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “Маҳсулоте, ки ҳусни занро кам мекунанд” ва “Фишорбаландии косахонаи сар дар кӯдакон” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.
Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагон таҳти унвони “Роҳҳои ҳифзи худ аз сеҳру ҷоду”, “Ҳукми фурӯши тамоку”, “Ҳаҷи зан бо кӯдаки ширхора”, “Ба ман ҳаҷ воҷиб аст?” аз ҷониби мутахассисони Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон посух дода шудааст.
Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Хоб бинӣ, ки шавҳарат зани дигар гирифтааст” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.
Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Аз рӯи модарам дузана шудам”, “Зани дуюмаш дар болои шавҳарам шӯ кард” дарҷ гардидааст.
Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!