Formula novemver 2024
Анонси шумораи №26 ҳафтаномаи “Оила”
14.06.2022
Оила
759

Дар шумораи №26 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

 

Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Парвина Шукруллоева куҷо шуд? ” муроҷиат кардааст. 

 

Дар саҳифаи номаҳо дарди дили келину хушдоман ва мушкилоти хонаводагӣ дарҷ гардидааст.

 

Қиссаи “Зани шавҳардидаро дӯст медорам” сарнавишти ҷавонест, ки ба зани шавҳардида ошиқ шудаасту ӯро ба занӣ гирифтан мехоҳад. Азбаски издивоҷи зани шавҳардида ва бачаи зан нагирифта дар ҷомеаи мо қобили қабул нест, Мунис низ дучори монеаву зиддияти волидонаш гаштааст...

 

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад. Боз дар ҳамин саҳифа хабарҳои кутоҳтаринро аз ҳаёти варзишгарони ҷаҳонӣ мутолиа карда метавонед. 

 

Таҳти сарлавҳаи “Аждаҳозан” қиссаи зани бадрафтору носипосе дарҷ гардидааст, ки ба рӯи некиву меҳрубониҳои шавҳари худ по мегузорад.

 

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта аз тарки конкурс кардани Наимҷон то муроҷиати рэпсаро ба Раҳими Ғармиро мутолиа намоед.

 

Дар рубрикаи “Аз ҳаёти ситораҳо” мавод дар бораи кору фаъолияти актрисаи бомаҳорати рус, ки образи Нинаро дар “Бандии Қафқоз” офаридааст, пешкаши ҳаводорони ҳунар мегардад.

 

Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Инсултро пешгирӣ карда мешавад?” сабабҳо, роҳҳои пешгирӣ ва табобати ин иллат маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

 

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД