Дар шумораи №25 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома ва силсилафилмҳои туркӣ бо суоли “Эда Эдҷе “Муҳаббати мамнуъ”-ро тарк мекунад? ” муроҷиат кардааст.
Қиссаи “Хокистартӯдаи модар” сарнавишти занест, ки бо гуноҳи шавҳараш оилавайрон шуда, бо як фарзанд ба хонаи падар баргашта, бори дуюм бо марди хубу нексиришт издивоҷ мекунад, вале баъди чандин сол шавҳараш пайдо шуда...
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад. Боз дар ҳамин саҳифа хабарҳои кутоҳтаринро аз ҳаёти варзишгарони ҷаҳонӣ мутолиа карда метавонед.
Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта аз муроҷиати гуруҳи “Арабшо” то суҳбати даруни обии Моҳпайкар ва Баҳриддини Сабур мутолиа намоед.
Қиссаи “Қурбонии пирӣ” сарнавишти занеро қисса мекунад, ки дар синну соли баркамол ошиқ шуда, ба хотири ҷавону зебо шудан ва ба даст овардани муҳаббати марди орзуҳояш даст ба ҷарроҳии пластикӣ мезанаду дар натиҷа вафот мекунад.
Дар рубрикаи “Чеҳра” мавод дар бораи кору фаъолияти ҳунарманди боистеъдод ва бонуи соҳибҳунар Бунафша Муқимова пешкаши ҳаводорони ҳунар мегардад.
Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Тифл дар батни модар ба диабети қанд гирифтор мешавад?” сабабҳо, роҳҳои пешгирӣ ва табобати ин иллат маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!