Дар шумораи №24 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Бо ҳаёти духтарон бозӣ накунед!”, “Фиреб хӯрда, зани панҷум шудам”, “Дағалӣ зеби зан нест!” мутолиа карда метавонед.
Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа дар рубрикаи хобномаи исломӣ таҳти унвони “Гарданбанди тиллоӣ дар хоб чӣ таъбир дорад?” ва “Зан гирифтани шавҳар дар хоб” ба суоли хонандагони ҳафтанома посух дода шудааст.
“Фиғони дили бе падар” чунин унвон дорад зиндагиномаи як ҷавондухтар, ки аз сарнавишти модар, ошиқ шудану фиреб хӯрдани ӯ, номардиҳои падар ва рӯзгори сахташон нақл мекунад.
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома оид ба масъалаҳои динӣ посух дода шудааст.
“Бибиямро куштӣ, оча” боз як қиссаи тарбиявӣ буда, барои занону бонувон дарси зиндагӣ аст. Дар қиссаи мазкур зиндагии оилае тасвир ёфтааст, ки бо сабаби беандешагиву бадрафтории зан-модари хонадон фарзандон сарсону парешон, шавҳар сархаму дилсард мегардад. Овозаи бадрафтории зан оқибат ба гӯши модараш низ мерасаду сабабгори маргаш мегардад.
Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз саволи муҳими Диловар Сафаров то “Бахти сафед”-и Ралик” мутолиа намоед.
Дар саҳифаи “Суҳбати сари роҳ” таҳти унвони “Ба хотири Бурак блогер шудам” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтаномаро оид ба кору фаъолияти блогери ҷавону шинохта Ҳоҷӣ Иброҳим мутолиа карда метавонед.
Дар рубрикаи солимӣ таҳти унвони “Табобати занҳои безурёт бо гиёҳҳои табобатӣ?” ва “Меваҳои ситрусӣ ҷоғарро нест мекунанд?” маводҳои тиббиро оиди бемориҳои номбаршуда ва роҳҳои шифо ёфтан аз онро мутолиа карда метавонед.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!