Arzon march 2024
Анонси шумораи №24 ҳафтаномаи “Оила”
15.06.2022
ОИЛА
733

Дар шумораи №24 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Чаро Манижа Сангинро ба фестивал роҳ надоданд? ” муроҷиат кардааст. Овозаи дигар аз ҷониби хонандагон таҳти унвони “Приянка шавҳари ҷавонашро эрка мекунад?” аз ҷониби мухлисони ин ҳунарманди ҳинд ирсол гардидааст.

Қиссаи “Падар тобути духтарашро ба хона роҳ надод” сарнавишти духтарест, ки бо марди зандор муносибатҳои пинҳонаи ошиқӣ дошту билохира ҳамроҳи ошиқаш ба садама дучор гардида, ҷон ба ҷаббор месупорад. Падар тобути фарзандашро ба хона роҳ додан намехоҳад, вале...

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад. Боз дар ҳамин саҳифа хабарҳои кутоҳтаринро аз ҳаёти варзишгарони ҷаҳонӣ мутолиа карда метавонед.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта аз ногуфтаҳои ҳаҷвнигор Бахтиёр Раҳимов то ваъдаҳои нави арабҳо ба Абдурозиқ мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Чеҳра” мавод дар бораи кору фаъолияти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Майрам Турсунова пешкаши ҳаводорони ҳунар мегардад.

Дар қиссаи “Қалби шикаста!” зиндагиномаи духтараки маъюбе дарҷ гардидааст, ки ба ҷавоне ошиқ шуда, бо ҳазор орзуву умед оила бунёд намуда, оқибат миёни роҳ мегардад.

Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Чаро зан бача мепартояд?” сабабҳо, роҳҳои пешгирӣ ва табобати ин иллат маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Дар қиссаи “Подоши ҷавонмардӣ” шумо зиндагиномаи занеро мутолиа карда метавонед, ки як умр хизмати шавҳари номдору машҳурашро карда, дар охир ба ҷавонмарди ҳақиқӣ будани шавҳар ва барабас нарафтани умраш эътимод пайдо мекунад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД