Arzon march 2024
АНОНСИ ШУМОРАИ №23 ҲАФТАНОМАИ “ОИЛА”
08.06.2022
ОИЛА
1148

Дар шумораи №23 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Ситораи Кароматулло барои кӣ ашк рехт? ” муроҷиат кардааст. Овозаи дигар аз ҷониби хонандагон таҳти унвони “Styopa аз чӣ фавтид?” аз ҷониби мухлисони ин ҳунарманд ирсол гардидааст.

Қиссаи “Зани золим” сарнавишти марди нобиноест, ки ҳамсараш аз оҷизиву нотавонияш истифода бурда, ӯро лату кӯб мекард.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад.

Дар қиссаи “Зиндагиямро вайрон накун, оча!” зиндагиномаи зане дарҷ гардидааст, ки бе падару модар ба воя расида, баъди ба зиндагии хушу хурсандона расидан модараш пайдо шуда, рӯзгорашро талх месозад.

“Арӯси эрка” қиссаест, ки дар он симои даҳҳо келину занҳои дигари тоҷик, ки бо феълу рафтори бад зиндагии худ ва аҳли оилаи шавҳарро ба дӯзах табдил медиҳанд, тасвир ёфтааст.

Дар рубрикаи “Чеҳра” мавод дар бораи кору фаъолият ва марги бармаҳали сарояндаи шинохтаи кишвар, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бунафша Шокирова таҳти унвони “Ситорае, ки зуд хомӯш шуд!” пешкаши ҳаводорони ҳунар мегардад.

Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Ба занӣ гирифтани духтари холаю духтари тағо чӣ хатар дорад?” ба саволи хонанда табиби амрози занонаи Маркази Миллии солимии репродуктивӣ Мунира Раҷабова посух мегӯяд.

“Чаро оилаҳои ҷавон пош мехӯранд?” чунин унвон дорад назарпурсии хабарнигори ҳафтанома, ки бо як қатор шаҳрвандон ва сокинони ҷумҳурӣ анҷом дода шудааст.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД