Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Lady Zulay” кай ба Душанбе меояд? ” муроҷиат кардааст. Овозаи дигар аз ҷониби хонандагон таҳти унвони “Комилҷон суруди Қурбоналӣ Абдуллоевро бозхонӣ намуд?” аз ҷониби мухлисони ин ҳунарманд ирсол гардидааст.
Қиссаи “Панҷшӯя” сарнавишти занест, ки баъд аз шавҳари якумаш ҷудо шудан пайвандонаш ӯро бо мӯйсафедон оиладор карда, баъди марги шавҳарҳояш боз ба хонаи волидони худ баргаштааст.
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома тақвими намоз барои моҳи июн дарҷ гардидааст.
Дар қиссаи “Қасоси зан” зиндагиномаи зане дарҷ гардидааст, ки ба шавҳари дуюмаш бовар карда, оқибат ба маҳбас меафтаду аз хонаву дари худ монда, азобу уқубати зиёдеро паси сар мекунад.
Мусоҳиба бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев оиди кору фаъолияташ таҳти унвони “Баландтарин унвон эътирофи халқ аст!” дар рубрикаи “Чеҳра” пешкаши ҳаводорони ҳунар мегардад.
Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Вақте кӯдак гул мебарорад” шумо метавонед ба саволҳои бешумори худ оид ба гулбарории кӯдакон ва роҳҳои табобати он маслиҳатҳои муфид пайдо намоед.
“Саратро аз танат ҷудо карда, дар ҷангал гӯрат мекунам!” чунин унвон дорад сарнавишти талхи як зани тоҷик, ки дар Русия ба доми ғуломӣ афтида буд.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!