arzon replenishment
Анонси шумораи №21-уми ҳафтаномаи “Оила”
2242

Дар шумораи №21-уми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Иродаи зан” таҳти унвони “Ҳар кас муаллифи зиндагии худ аст” аз зиндагинома ва фаъолияти кории Манижаи Саидмурод, ки бо вуҷуди маъюбият доштанаш бо дӯзандагӣ машғул асту чандин зани дигарро соҳиби касбу кор кардааст, мавод дарҷ гардидааст.

Сарлавҳаи рубрикаи “Назарпурсӣ” таҳти унвони “Ба дӯстии зану мард бовар доред?” фикру ақидаи ҷомеаро оиди муносибатҳои дӯстонаи зану мард баён менамояд.

“Ака душмани ҷони додар шуду...” зиндагиномаи занеро тасвир мекунад, ки саропо дарду алам аст. Муаллифи он зани бе фарзандест, ки тамоми умри худро ба тарбияву нигоҳубини фарзандони додаршӯи худ мебахшад, вале дар охир аз ҷониби бародари шавҳар носипосиву ранҷу азоб ва ҳатто туҳмат мебинад.

Қиссаи “Мори гӯрбон” воқеӣ буда, зиндагинома ва сарнавишти зане аст, ки баъди маргаш қабри ӯро мори бузурге посбонӣ мекунад. Сабаби пайдоиш ва қабрро посбонӣ кардани мори сафед номаълум буда, мутолиаи қиссаи мазкур хонандаро ба андеша водор менамояд.

“Бо тилло бахт намехарӣ” чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки баъд аз мутолиаи он бори дигар муътақид гаштан мумкин аст, ки воқеан бо пулу мол ва боигариву сарват хушбахт шудан номумкин аст.

Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтаномаро бо Маҳмудхон Аҳрорӣ, журналисти телевизион доир ба фазои телевизион, махсусияти барномаҳои телевизионӣ, нусхабардории барномаҳо, таваҷуҳи бинанда мутолиа намоед.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии блогери шинохта Некрӯз Худойбердиев бо тахаллуси "Нек" машҳур гаштааст, маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “Малҳамҳо барои пӯсти дар офтоб сӯхта” ва "Меваҳое, ки боиси пайдоиши аллергия мегарданд” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагон таҳти унвони "Ҳалола" ҳаром аст?, "Намоз нахонам?", "Суннат дар сафар гуноҳ аст?", "Дуои сари қабр", “Гӯшти асп ҳалол аст?” ва дигар саволҳо аз ҷониби мутахассисони Раёсати фатвои Маркази исломии кишвар посух дода шудааст.

Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Духтари ҷавон турна хоб бинад...” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” ба саволҳои нафароне, ки дар қаламрави Русия қарор доранду барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ба куҷо рафтану ба кӣ муроҷиат кардани худро намедонанд ва ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, аз ҷониби мутахассисон посухро мутолиа намоед. Ҳафтаи равон дар саҳифаи мазкур таҳти унвони “Муҳоҷирон метавонанд дар Душанбе аз дактилоскопия гузаранд“ ба саволи хонанда посухро оид ба муҳоҷират ва мушкилоти он мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Зани русамро партоям, гадо мешавам”, “Бародарам барои хона худкушӣ карданист ”, "Хайрият ҳамкурсамро нагирифтам" дарҷ гардидааст.

Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД