Дар шумораи №19-уми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
“Дӯзахи рашк” сарнавишти зане аст, ки шавҳараш дар болои ӯ зани дигар гирифта, як умр бо рашку интизорӣ ва беқадрӣ умрашро пушти сар кардааст. Қиссаи мазкур дардномаи на танҳо як зан, балки сарнавишти ҳазорҳо зани дар зиндагӣ дучори ноадолатиҳои қисмат гашта мебошад.
“Ваъдахилоф” дарди дили ҷавонест, ки орзуву омоли қалби ошиқашро бераҳмона мешикананд. Вақте аз сӯзу гудоз даст ба худкушӣ задан мехоҳад, андешаи он ки волидонаш марги ӯро чӣ гуна таҳаммул мекунанд, садди роҳаш мегардад.
Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” оиди кору фаъолияти блогери маъруф Фаридун Сафаров таҳти унвони “Бо мардум кор карда тавонистам” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтаномаро мутолиа намоед.
Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии рэпсарои шинохта Диловар Андалибов, ки бо тахаллуси ""Ad aka Dilovar" машҳур гаштааст, маълумоти аҷибро мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” ба саволҳои нафароне, ки дар қаламрави Русия қарор доранду барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ба куҷо рафтану ба кӣ муроҷиат кардани худро намедонанд ва ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, аз ҷониби мутахассисон посухро мутолиа намоед. Ҳафтаи равон дар саҳифаи мазкур таҳти унвони “Шахсоне, ки забони русиро намедонанд, дигар ба Русия роҳ дода намешаванд“ ва “Тоҷикистон ва Русия тақдири минбаъдаи муҳоҷиронро ҳал мекунад” маводеро оид ба муҳоҷират ва мушкилоти он мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “Витаминҳои даркорӣ барои мӯй” ва "Топ-10 маҳсулоте, ки ба касалии қанд фоида доранд” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.
Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагон таҳти унвони "Маҳри арӯс ҳаққи кист?", "Ҳамхобагӣ дар вақти рӯза", "Рӯзаи Марям чист?", "Санги гӯр нишонаи дӯзах аст?", “Гуноҳи кабира чист?” ва дигар саволҳо аз ҷониби мутахассисони Раёсати фатвои Маркази исломии кишвар посух дода шудааст.
Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Издивоҷ дар хоб чӣ таъбир дорад?” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.
“Номаи марди майхора” чунин унвон дорад дарди дили марде, ки саропо ашку пушаймонист. Қиссаи мазкур бори дигар мардонро ҳушдор месозад, ки бо қалби нозуки бонувон бозӣ накунанд, вагарна умре ангушти пушаймонӣ мегазанд.
Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Ба умеди ягон мард нашавед!”, “Бо шавҳари бадбӯ чӣ кор кунам?" дарҷ гардидааст.
Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!