Sebiston new 2024 october
Анонси шумораи №12-уми ҳафтаномаи “Оила”
2206

 

Дар шумораи №12-уми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Иродаи зан” таҳти унвони “Фаррош, машшота ва замбӯруғпарвар” аз пайроҳаи зиндагӣ ва фаъолияти кории Хадича Қурбонова, ки барои таъмини хонаводааш дар баробари замбӯруғпарварӣ боз фаррошиву машшотагӣ ҳам мекунад, мавод дарҷ гардидааст.

Сарлавҳаи рубрикаи “Назарпурсӣ” таҳти унвони “Марди бе пул занро хушбахт мекунад?” фикру ақидаи ҷомеаро оиди мушкилоти мубрами рӯз, яъне бепулии мардон ва зиндагии хонаводагии оилаҳое, ки бо сабабӣ бепулӣ дучори муноқишаву низоъ мегарданд, баён менамояд.

“Армуғони рамазон” сарнавишти зане аст, ки бо сабаби фарзанд таваллуд карда натавонистан мавриди таҳқиру хушунати хонаводаи шавҳар қарор мегирад, вале баъди ҷудо шудану соҳиби ҷои кор шудан, бахт дубора ба рӯяш механдад. Зани бахтшикаста бори дуюм бо марди соҳиби 2 фарзанд оила бунёд намуда, дубора шаҳди бахтро мечашад ва дар моҳи шарифи рамазон хабари ҳомиладор шуданро фаҳмида, хушбахтияш дучанд мегардад.

Дар рубрикаи “Ҳуқуқшиноси “Оила” ба саволҳои хонандагони ҳафтаномаи “Оила” ҳуқуқшинос Зафар Қурбонов ҷавоб медиҳад. Дар шумораи навбатӣ ба саволҳои “Зербино шахсӣ мешавад?” ва “Хонаи ҳамсояро таъмир кунам?” посух дода шудааст.

 

“Занг аз дӯзах” зиндагиномаи занеро тасвир мекунад, ки баъд аз хиёнати шавҳарашро бо чашми худ дидан аз ӯ ҷудо мешавад. Баъди 2 сол шавҳараш пайдо шуда, аз ӯ бахшиш пурсида, хоҳиши дубора баргаштанро мекунад, вале Лайло бо вуҷуди он ки аз ин мард як фарзанд дорад, шавҳари бевафояшро қабул намекунад.

 

Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” ба саволҳои нафароне, ки дар қаламрави Русия қарор доранду барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ба куҷо рафтану ба кӣ муроҷиат кардани худро намедонанд ва ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, аз ҷониби мутахассисон посухро мутолиа намоед. Ҳафтаи равон ба номаи як муҳоҷири тоҷик таҳти унвони “Фарзанди муҳоҷир ҳуқуқи ба боғчаи Русия рафтанро дорад?” посухро мутолиа намоед.

“Ғарию пештозӣ” чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки дар саҳифаи шашуми ҳафтанома дарҷ гардидааст. Қисса воқеӣ буда, саргузашти мардест, ки ба духтари холаи худ ошиқ шуда, барояш ҷони худро дареғ намедорад. Мутаасифона, духтари холааш ба ишқи поки ӯ хиёнат карда, барои ба даст овардани пулҳояш бераҳмона ӯро истифода мебарад.

 

Дар “Ошхонаи “Оила” сарояндаи ҷавону хушсадо Ширин Ҷӯрахонзода, ки ба тозагӣ ба саҳнаи ҳунар ворид гардидааст, бо дархости мухлисон ҳунари кадбонугии худро нишон медиҳад.

 

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии блогери шинохта Рафаел Гулов, ки қабл аз шинохта шуданаш ровии телевизион буд, маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “Вақте офтоби баҳорӣ пӯстро месӯзонад” ва “10 фоидаи рӯза ба саломатӣ?” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ посухи намояндагони динро аз ҷониби Шӯрои уламои кишвар мутолиа намоед. Дар ин шумора ба саволҳои “Тоҷирони беинсоф”, “Ҷазои рӯзахӯрон”, “Марг дар рамазон”, “Рӯзаи домоду арӯс” ва “Рӯзаи занкалон” посухро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи хобнома ба саволи “Дар рамазон хоби даҳшатнок дидан нишонаи чист?” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Моро шаби тӯй ҷоду карданд, вале...”, “Волидонам маро партофтанду...”, “Қариб ба даруни танӯр меафтидам” дарҷ гардидааст.

Дар рубрикаи “Чеҳра” аз зиндагӣ ва фаъолияти шахсии Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Хурсандмурод Зарипов доир ба фаъолияти омӯзгорӣ, таваҷҷуҳи ҷавонон ва санъати суннатӣ, махсусиятҳои таҳсили олӣ кардани сарояндагон, интихоби дурусти матну эҷоди оҳанг ва муҳимияти арҷгузорӣ ба эҷодкор мусоҳибаро мутолиа намоед.

 

Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

 

 

 

 

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД