Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти се духтари тоҷик барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ хабар медиҳад. Мадина, Таманно ва Фархунда бо муҳофизони тарабхона ҷанг шуда, онҳоро дашному ҳақоратҳои қабеҳ додаанд.
Ин се духтар дар асоси як навори видеоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашта буд, боздошт шудаанд. Гуфта мешавад, ки Пирова Мадина, санаи таваллудаш 17.05.1997, Ҳасанова Таманно, санаи таваллудаш 28.07.1999 ва Қурбонова Фархунда, санаи таваллудаш 2.08.1996 рӯзи 16-уми январи соли равон дар кӯчаи Яккачинор, ҳангоми дар маркази дилхушии «Сайёра» қарор доштанашон бо муҳофизони тарабхонаи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, онҳоро дашному ҳакоратҳои қабеҳ дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
Аз ҷониби мақомот вобаста ба ҳолати мазкур тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ба духтарон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз тайин шудааст.