Sebiston new 2024 october
Анисаи 5-сола зери чархи мошин монду...
1694

Вақте ки ҷисми бе ҷони ба хоку ғун оғӯштаи Анисаи хурдакакро рӯйи даст бардошта ба хона оварданд, фиғони аҳли оила ба фалак печид. Модари зори Аниса бо дидани ин манзараи мудҳиш талхакаф шуд, охир чӣ гуна ба даҳшат наафтад, ки ҳамагӣ чанд лаҳза пеш духтарчаи заркокулаш мисли оҳубарраи ширмаст шодона даву тоз мекард, вале акнун ин тифлаки шӯху ширинрӯй чун сайди сарбуридае, ки хун аз аъзои баданаш фаввора зада мешорад, дар хуни худ ғарқ гашта буд. Ҷавонзани ҷигарсӯхта рӯю мӯяшро канда, бо нолаи пур аз сӯзу гудоз худро болои ҷисми бе ҷони духтарчаи ормониаш партофту аз ҳуш рафт.
Хурду калон бо дидани ин манзараи ҳузнангез барои ин духтарчаи фариштарӯйи ғуррамарг ва модари фарзандгумкардааш оби дида мерехтанд. Аз дидаи аҳли хонавода, хешу табор, ёру дӯстон ва ҳаққу ҳамсояҳо ашк не, гӯиё хун меборид...

Ин ҳодисаи ҷигарсӯз дирӯз дар ҷамоати деҳоти Корези Данғара ба вуқуъ пайваста, ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра Исломов Ҳасан ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи К.Қурбонов ба самти деҳаи Рахшонзамин бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, духтарчаи 5-сола Аниса Шариповаро пахш кард. Кӯдаки маъсум бар асари садама ҷаҳоратҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба сӯйи бемористон ба ҳалокат расид.
Мутаассифона, дирӯз боз як садамаи дигари марговар дар Вилояти Суғд сар зада, мошини «Опел-Астра» таҳти идораи ронанда Танглиев Аъзам, сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Рӯдакии шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба девори бетонии канори роҳ бархӯрдааст. Ронандаи мошин ва мусофиронаш: Муъминова Муясар Раҳимовна, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров ва Муъминов Аҳтамҷон Акмалович, соли таваллудаш 2008 бар асари садама ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд, вале аз марг наҷот додани ҷони Аҳтамҷони 13-сола ба табибон муяссар нагашт. Писарчаи номуррод бар асари захмҳои бардоштааш дар бемористон ҷон ба ҷонофарин супурд.

Садамаи сеюми маргбор дар ноҳияи Темурмалик сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Шоинов Ҷӯрабек Ҳайиталиевич, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Норак, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ховалинг ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Саидов Сунатулло Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1975, сокини ҷамоати деҳоти Ғ.Мирзои ноҳияи Ховалинг, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, тифлаки ширмак Гулдастамоҳи Меҳроб, соли таваллудаш 2021, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Ҳамин тавр дар бадали як шабонарӯз се кӯдаки бегуноҳ, ки ҳанӯз аз сад гулашон як гулашон нашкуфта буд, дар садамаҳои нақлиётӣ ҷони ширини худро аз даст доданд. Доғи сӯзоне, ки марги фоҷиавии ҷигарбандонашон дар дили падару модарони фарзандгумкарда гузошт, ҳаргиз шифо нахоҳад ёфт. Аз ҳамин хотир мо аз тамоми ронандагон хоҳиш ва илтимос мекунем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошанд ва ҳаёти худу дигаронро дар хатар нагузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД