Тамоми динҳои олам талоқро маҳкум менамоянд, зеро вайрон шудани оила дар дили зану шавҳар захми сӯзоне мегузорад, ки доғи он солҳои сол зудуда намешавад. Иддаои баъзе ҳамсарони ҷудошуда дар бораи он ки баъди талоқ ҳам муносибатҳи онҳо дӯстона боқӣ мондаанд ва нисбат ба ҳамдигар ягон зарра кинаву адоват надоранд, дурғӯи маҳзанд.
Сарфи назар аз донишу ҷаҳонбинӣ, касбу кор ва синну солашон талоқ қалби ҳам зан ва ҳам мардро хуншор месозад ва эҳсоси он ки шарики умрат туро паст зада қадру қиммататро ба хоки сиёҳ яксон намуд ва дигареро аз ту боло дониста дар нимароҳи зиндагӣ туро танҳо монда рафт, намегузорад, ки собиқ зану шавҳар гуноҳи ҳамдигарро бубахшанд ва гӯё чизе нашуда бошад, минбаъд дӯстона муносибат намоянд. Сарнавишти ду ситораи дурахшони Голливуд-Анҷелина Ҷоли ва Бред Питт далели равшани ин гуфтаҳост.
Замоне онҳо мисли Лайливу Маҷнун ошиқи зори ҳамдигар буданд! Замоне ин ҷуфти зебо бе якдигар нафас кашида наметавонистанд. Замоне шавҳараш тайёр буд, ки барои ин олиҳа аз осмон ситора орад
Замоне миллионҳо одамон ба ин ҷуфти шӯҳратёр бо чашми ҳавас менигаристанд, зеро худо ба онҳо ҳама чизро арзонӣ ато намуда буд, аммо....
Ҷозиба ва ҳусни нотакрор, шӯҳрати ҷаҳонӣ, пулу мол ва боигарии беҳисоб, қасрҳои боҳашаммат ва ҳатто шаш фарзанди гул барин зебо натавонист ин оиларо аз шикаст ва вайроншавӣ наҷот бубахшад. Достони ишқи бузурге, ки замоне вирди забони миллионҳо ошиқони олам буд, зеру забар гашта, Бред Питт зебтарин актриссаи Голливуд Анҷелина Ҷолиро талоқ дод.
Ин ҳодиса соли 2016 рӯй дода буд, вале аз байн аллакай 5 сол гузашта бошад ҳам, то имрӯз ин зани шавҳари машҳур ҳамдигарро бахшида наметавонанд.
Атриссаи машҳури амрикоӣ ва барандаи ҷоизаи “Оскар” Анҷелина Ҷоли боз собиқ шавҳараш Бред Питро ба суд додааст. Ин зебосанам намехоҳад, ки падари бевафояшон дар тарбияи фарзандонаш саҳм гузорад, аз ҳамин хотир аз болои судя Ҷон Удеркирк, ки ба Бред Питт барои парастории фарзадонаш расман иҷозат додааст, ба мақомотҳои болоии судӣ шикоят бурдааст. Анҷелина Ҷоли барканор намудани Ҷон Удеркиркро талаб дорад. Ба қавли актрисса зимни баррасии парванда судя хоҳиши кӯдаконро ба инобат нагирифтааст ва ин дағалона вайрон намудани ҳуқуқҳои ноболиғон ба шумор меравад.
Анҷелина Ҷолӣ муборизаро то охир давом доданист, вале Бред Пит низ аз фарзандонаш даст кашиданӣ нест ва як гурӯҳи хеле калони адвокатҳои бақувватро киро кардааст.
Фарзондони Анҷелина Ҷоли ва Бред Пит-Мэддокс, Пакс , Захара, Шайло, Вивьен ва Нокс бо падарашон зиндагӣ кардан мехоҳанд ё бо модарашон маълум нест, вале собиқ зану шавҳар чанд сол боз маҳз бо баҳонаи кӯдакон бо ҳамдигар баҳсу кашмакаш доранд.