Arzon march 2024
Қандинаи шоколадӣ
23.11.2024
ОИЛА.ТҶ
724

Маҳсулоти лозима:

100 грамм равғани маска, 50 грамм (1/4 истакон) шакар, 160 грамм (1 истакон) орд, 40 грамм (1/4 истакон) хокаи какао, шоколади сиёҳ ё ширӣ мувофиқи табъ.

Тарзи таҳия:

Тафдонро ба ҳарорати 180 дараҷа тасфонед. Ба лаълии тафдон коғази пухтупазӣ тунук кунед. Бо миксер равғани маска ва шакарро лат зада, ба он орду какаоро илова карда, хамирро то яклухт шуданаш лат занед. Аз хамир 16 дона сақоча сохта, ба лаълии тафдон чинеду бо чангак ҳар кадомашро каме зер карда, муддати 20 дақиқа пазед. Шоколадро об карда, қандинаро оро диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД