Маҳсулоти лозима:
360 грамм фалла, 3 қошуқ хокаи шакар, 100 грамм шоколад, 20 грамм равғани маска, мева.
Тарзи таҳия:
Шоколадро дар бӯғ об карда, ба даруни қолабҳо молида, дар яхдон 2 дақиқа ях кунонед. Фалларо бо хокаи шакар лат зада, ба даруни қолабҳои шоколадӣ пур кунед ва аз болояш шоколади обшударо рехта, дар яхдон муддати 5 дақиқа нигоҳ доред.