goodwell
Андӣ ба Тоҷикистон меояд
27

Андӣ Мададиён, аз чеҳраҳои маъруфи мусиқии попи форсизабон, моҳи ноябри соли 2026 ба Тоҷикистон меояд. Тибқи эълони нашршуда, ӯ рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар Душанбе консерт баргузор мекунад.  

Ватани худам

Ин овозхоне, ки даҳсолаҳо боз таронаҳояш дар муҳити форсизабон садо медиҳанд, қаблан низ чандин бор ба Тоҷикистон омадааст. Танҳо соли гузашта, 23 ноябри соли 2025, ӯ дар ҳамин Филармонияи давлатии Тоҷикистон консерт баргузор карда буд.

Андӣ дар наворе, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, мардуми тоҷикро ҳамватанони азиз ва Тоҷикистонро Ватани худам мегӯяд.

Қаблан ҳам дар суҳбатҳо Андӣ Тоҷикистонро Ватани дуюми хеш хонда буд.

9 нафар дар як утоқ

Номи пурраи Андӣ - Андраник Мададиён аст. Ӯ 22 апрели соли 1958 дар Теҳрон, дар хонаводаи арманитабори эронӣ ба дунё омадааст. Тибқи зиндагиномаи расмии сароянда, оилаи онҳо зиндагии хеле сода дошт: нӯҳ нафар дар як утоқ зиндагӣ мекарданд. Бо вуҷуди тангдастӣ, мусиқӣ ҷузъи муҳими муҳити хонаводагии Андӣ буд.

Ӯ аз овони ҷавонӣ ба мусиқӣ шавқ дошт, ҳамзамон футболро низ дӯст медошт. Баъдтар, дар шароити таҳаввулоти сиёсии охири солҳои 1970 дар Эрон, Андӣ ба Иёлоти Муттаҳида рафт. Ба гуфтаи сомонаи расмии ӯ, вай бо раводиди донишҷӯӣ ба Калифорния рафта буд, то дар Донишгоҳи давлатии Калифорния дар Лос-Анҷелес футбол бозӣ кунад. Рӯзона таҳсил мекард ва шабҳо барои таъмини рӯзгор дар клубҳо гитара менавохт.

Аз «Andy & Kouros» то шоҳроҳи ҳунарӣ

Марҳилаи муҳими роҳи ҳунарии Андӣ ҳамкории ӯ бо Курос Шаҳмирӣ буд. Онҳо гурӯҳи дунафараи «Andy & Kouros»-ро ташкил карданд ва чанд албом ба бозор бароварданд. «Хостгорӣ», «Бало» ва «Худоҳофиз» аз ҷумлаи тарҳҳои маъруфи ин давра мебошанд. Баъдан ҳар ду роҳи мустақили эҷодиро интихоб карданд.  

Андӣ дар фаъолияти инфиродиаш ба омезиши чанд сабки мусиқӣ рӯ овард. Дар таронаҳои ӯ мусиқии форсӣ ва арманӣ бо ритмҳои африқоӣ, гитараи фламенко, поп ва мусиқии рақсии Ғарб пайваст шудаанд. Худи ӯ низ борҳо гуфтааст, ки аз мусиқии амрикоиву бритониёӣ, аз ҷумла аз эҷодиёти Ray Charles, Deep Purple ва дигарон таъсир гирифтааст.

Дар тӯли беш аз чаҳор даҳсола Андӣ даҳҳо тарона ва тақрибан 15 албоми студиявӣ нашр кардааст. Аз албомҳои маъруфаш метавон «Bigharar», «Tanhaee», «Devoted», «Silk Road», «Khalvate Man», «Platinum», «City of Angels» ва «Airport»-ро ном бурд.  

Аз таронаҳое, ки бо номи ӯ бештар пайванд мехӯранд, «Dooset Daram», «Tavalod», «Madaram», «Delamo Behet Bastam», «Nune» ва «Tehran»-ро метавон ёд кард. Андӣ ба ҷуз форсӣ, бо забонҳои арманӣ, англисӣ ва чанд забони дигар низ суруд хондааст.

Шуҳрати байналмилалӣ

Шуҳрати Андӣ кайҳо аз доираи ҷомеаи эрониёни муҳоҷир берун рафтааст. Ӯ дар кишварҳои гуногун ҳунарнамоӣ карда, бо ҳунармандони хориҷӣ низ ҳамкорӣ доштааст. Дар сомонаи расмии ӯ ҳамкориҳо бо Jon Bon Jovi, La Toya Jackson ва Cheb Khaled зикр мешаванд.

Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои карйераи Андӣ соли 2020 ба амал омад: ба ӯ дар Hollywood Walk of Fame ситора тақдим шуд. Ӯ аз аввалин ҳунармандони эронитабор буд, ки ба чунин ифтихор сазовор гардид. Қаблан, соли 2017, ӯ ҳамчунин Ellis Island Medal of Honor-ро гирифта буд.  

Ҳаёти шахсӣ

Ҳамсари Андӣ Шани Ригсби - сароянда ва оҳангсози амрикоӣ аст. Онҳо солҳои зиёд якҷо фаъолият ва сафарҳои ҳунарӣ доштанд ва 11 ноябри соли 2011 издивоҷ карданд. Шани дар чанд таронаи Андӣ ҳамовоз шудааст.

Андӣ ва Шани инчунин дар барномаҳои хайриявӣ ширкат мекунанд ва ба тарҳҳое, ки ба кӯдакон, муассисаҳои тиббӣ ва дигар фаъолиятҳои иҷтимоӣ бахшида шудаанд, саҳм гузоштаанд.  

Дар оғози муносибати онҳо, тақрибан соли 1992, Шани гирифтори саратони тухмдон шуд ва ҷарроҳии ҷиддӣ аз сар гузаронд. Баъдан ҳарду дар барномаҳои хайриявии марбут ба мубориза бо бемории саратон фаъол буданд. Шояд ҳамин сабаб шуд, ки ин ҷуфт соҳибиф фарзанд нашуданд. Худи Андӣ дар як мусоҳиба  ҳангоми пурсиш дар бораи ҳаёти шахсиаш бо шӯхӣ гуфта буд: «Ман оиладор ҳастам ва чор саг дорам».

Андӣ ва Тоҷикистон

Муносибати Андӣ бо Тоҷикистон таърихи беш аз ду даҳсола дорад. Ӯ бори аввал соли 2004 дар Душанбе, дар Кохи Борбад консерт додааст. Соли 2007 низ дар Амфитеатр ҳунарнамоӣ кардааст.

Соли 2013 Андӣ боз ба Душанбе омад ва 5 май барои мухлисонаш консерт баргузор кард. Дар он сафар Ҷонибеки Мурод низ ӯро ҳамроҳӣ мекард. Дар мусоҳибае, ки ҳамон сол нашр шуд, Андӣ гуфта буд, ки то он замон ду бор ба Тоҷикистон омадааст ва ҳадафи сафари навбатӣ боз ҳам хушҳол кардани мардуми Тоҷикистон аст.  

Ҷонибеки Мурод низ баъдан аз дӯстиву ҳамкории худ бо Андӣ ёд карда, гуфта буд, ки онҳо ҳатто дар як консерт як сурудро муштаракан иҷро кардаанд.  

Номи Андӣ дар миёни сарояндагони тоҷик низ ошност. Зулайхо Маҳмадшоева аз пешниҳоди ӯ барои иҷрои як бадеҳаи муштарак нақл карда буд.  

Соли 2025 Андӣ баъди танаффус боз ба Душанбе омад ва 23 ноябр дар Филармонияи давлатӣ консерт баргузор намуд. Ҳоло, ҳамагӣ як сол пас, хабар дода мешавад, ки ӯ рӯзҳои 18 ва 19 ноябри соли 2026 дубора рӯйи саҳнаи Душанбе хоҳад баромад.  

Аз ин ҷиҳат, Тоҷикистон барои Андӣ танҳо як нуқтаи дигари барномаи ҷаҳонии ҳунарӣ нест. Сафари чандинкаратаи ӯ, ҳамкориаш бо овозхонҳои тоҷик ва таваҷҷуҳи доимии шунавандагони тоҷик нишон медиҳад, ки миёни ҳунарманди эронитабори муқими Амрико ва мухлисони форсизабони Тоҷикистон робитаи деринаи фарҳангӣ шакл гирифтааст.

БАХТОВАР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД