Ман Шоҳина, аз шаҳри Ваҳдат. Оиладорам. 4 фарзандам паиҳам аз дунё гузаштанд, алҳол танҳо як духтарчаи 6- сола дорам. Шавҳарамро дар Русия бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир дастгир намуда ҳабс карданд, аз ҳамин сабаб ҳоло дар хонаи падару модарам зиндагӣ дорам.
Рӯзи дароз аз хона берун намебароям, вале ҳамсояҳои туҳматчӣ дар ҳаққам овозаи бардурӯғ паҳн кардаанд, ки гӯё сабукпо ҳастам.
Ин хабари шум ҳатто ба гӯши бародаронам расидааст. Падару модар ва бародаронам ба ман каҷ-каҷ нигариста мудом сарзанишам мекунанд. Намедонам чӣ хел бегуноҳ буданамро исбот кунам. Сарамро бардошта гашта наметавонам.
Таънаи мардум ба дилам задаст. Ҷонам ба лабам расида мехоҳам даст ба худкушӣ занам, вале аз ҳаром мурдан метарсам. Намехоҳам баъди маргам низ душманонам дар ҳаққи ман ҳар хел туҳмату буҳтон бофта “фоҳиша буд, аз шармандагӣ худашро кушт” гӯянд. Шабу рӯз корам гиря кардан аст. Ба маслиҳати таскинбахши шумо ниёз дорам, илтимос кӯмаки худро аз ин бадномзада дареғ надоред!