toyota motors
Ҳамсояи баду бозии тақдир
29

Дар як маҳалла ду ҳамсоя буданд: Алишер ва Карим. Алишер ҷавони заҳматкаш буд ва бо пули ҳалолаш як мошини нави хуб харид. Ӯ дар саҳифаи фейсбукиаш сурати мошинро монда, шукрона кард.

​Карим, ки ҳамеша дар хона бекор буд ва аз ҳисоби нафақаи волидонаш зиндагӣ мекард, аз дидани мошини Алишер дарун-дарун сӯхт. Ӯ бо профили фейк ба зери акси Алишер навишт: “​Ин мошин бо пули ҳаром омадааст, ба зудӣ чаппа мешавад. ​Худашро намоиш медиҳад, иншоаллоҳ ягон рӯз ба садама дучор мешавад. Ин хел мошинҳо зеби ту барин мардҳои қадпастак нест”.

​Пас аз як ҳафта, нисфишабӣ фарзанди хурди Карим ногаҳон бемор шуд ва нафасаш гирифт. Карим саросема шуд, мошин надошт, таксиҳо дар он вақт намеомаданд. Ӯ дар ҳолати ноумедӣ ба кӯча баромад ва дид, ки Алишер маҳз бо ҳамон мошини наваш аз кор баргашта истодааст.

​Алишер бе ягон дудилагӣ кӯдакро ба мошин савор кард ва бо суръати баланд ба беморхона бурд. Духтурон гуфтанд, ки агар 5 дақиқа дер меомадед, кӯдакро аз даст медодем.

​Вақте Карим дар дохили ҳамон мошине нишаста буд, ки дар интернет барояш садама ва бадбахтӣ хоста буд, аз шарм сарашро бардошта наметавонист. Ӯ фаҳмид, ки “ман бо ангуштонам ба касе заҳр мепошидам, ки имрӯз бо дастонаш ҷони фарзанди маро наҷот дод".

Вақте ту ба касе бадӣ мехоҳӣ, мағзи ту сигнал мегирад, ки дунё хатарнок аст. Ин боиси стресс ва бемориҳои қалб дар худи бахил мегардад.

Дунё чархбол аст. Одаме, ки имрӯз дар интернет сиёҳаш мекунӣ, шояд фардо ягона касе бошад, ки дастатро мегирад.

Бахил шояд пули зиёд ёбад, вале ҳеҷ гоҳ аз он лаззат намебарад, чунки чашмаш дар моли дигарон аст.

Одаме, ки комменти бад менависад, дар асл одами тарсу ва бадбахт аст. Ӯ дар ҷаҳаннаме зиндагӣ мекунад, ки номаш Ҳасад аст.

​Хомӯшӣ беҳтарин ҷавоб: Баҳс бо бахил мисли ҷанг бо пашша аст, ту вақт ва қуввататро сарф мекунӣ, вале пашша ҳамон тавр мемонад.

Муваффақ шав: Ҳеҷ чиз бахилро мисли муваффақияти нави ту намекушад.

Ҳасадхӯр дар интернет мисли касест, ки дар торикӣ нишастааст ва мехоҳад офтобро бо кафи дасташ пӯшонад. Дасти ӯ хаста мешавад, вале офтоб ҳамон тавр медурахшад.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД