Эй ҷону ҷигар чӣ ҳол дорӣ?
Боре ту намепурсӣ зи ҳолам.
Ё қалби зи мо малол дорӣ?
Чанд рӯз боз ин таронаи сарояндаи ҷавони хушовоз Ҷамшеди Муъминободӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад. Мухлисон ин сурудро хеле гарм қабул карданд, ҳамагӣ дар бадали як шабонарӯз таронаи мазкурро беш аз 80 ҳазор нафар тамошо карда, зераш шарҳ навиштаанд. Беҳуда нагуфтаанд, суруде, ки зи дил хезад, нишинад боз бар дилҳо. Барои фаҳмидани асрори тавлиди ин таронаи дилнавоз мо бо Ҷамшеди Муъминободӣ суҳбати кӯтоҳе доштем ва инак, фишурдаи муҳовараамонро манзури шумо - хонандагони азиз мегардонем.
- Ҷамшедҷон, барои ҳунарманд тавлиди ҳар як суруди ҷадид мисли тавлиди боз як фарзанди дилбанд аст, аз ин лиҳоз тавлиди таронаи наватонро муборак мегӯем!
- Ташаккур! Дар ҳақиқат барои эҷодкор ҳар сурудаш ба мисли фарзанд азиз аст. Манхеле шодам, ки ин таронаи банда ба мухлисон хуш омадааст. Барои мо - ҳунармандон ҳар як сухани хуби мухлисон, ҳар шарҳ ва лайке, ки дар зери таронаҳоямон мегузоранд, тӯҳфаи бебаҳо мебошад, чунки муҳаббати мардум ба эҷодкор рӯҳияи хуб ва илҳоми тоза мебахшад.
- “Фарзанди падар” аслан моликист? Манзурам, шеър аз кадом шоир аст ва кӣ ба он оҳанг бастааст?
- Шеър моли банда аст, оҳанги халқӣ, таронаро худам танзим намудам. Аслан, таърихи пайдоиши ин суруд хеле дарднок аст. Ман бо зане аҳди бародарию хоҳарӣ дорам. Худованд ба ин зани меҳрубон қалби поке ато намуда бошад ҳам, чандон ҳусну ҷамол надодааст.
Фарзандони падараш зоҳиран зебо ҳастанд ва танҳо ба хотири ба қавли маъмул “безеб” буданаш бо вай рафтуомад намекунанд. Дили ин зан барои фарзандони падараш ҳамеша гум мезад ва бо дарду алам нақл мекард, ки хоҳарону бародарони ҳамхунаш “мо аз безебии ту шарм медорем” гӯён, ба дилаш ханҷар задаанд. Аламҳои ҳамин зан маро ба он водор намуданд, ки суруди “Фарзанди падар”-ро эҷод кунам.
- Пас истеъдоди шоирӣ ҳам доред?
- Даъвои шоирӣ надорам, ва ҳаргиз аз худ шоир наметарошам, вале аз овонӣ кӯдакӣ кам-кам шеър мегуфтам. Шеъргӯйии ман аслан зарурат аст, чунки аксар вақт он сухан ва эҳсосотеро мехоҳам бо воситаи суруд ба мухлисонам расонам, дар шеърҳое, ки ба дигарон фармоиш медиҳам, пайдо карда наметавонам. Маҷбур мешавам, худам шеър нависам ва онро ба оҳанг дарорам.
- Бо шоирон аслан ҳамкорӣ надоред?
- Бо устод Хайрандеш ҳамкорӣ доштам, пештар бо шоири ёвонӣ –марҳум Убайдуллои Ширин ҳамкории хуби эҷодӣ доштем.
- Ҷамшедҷон, шумо ҳам мисли дигар ҷавонони эҷодкор озод ҳастед, ё дар ягон ансамбл фаъолият мекунед?
- Айни замон, дар ансамбли “Марзбон”-и Қӯшунҳои сарҳадӣ ба ҳайси овозхон фаъолият дорам. Дар баробари ин, дар боғчаи бачагонаи №52-и пойтахт ба хурдтаракон алифбои мусиқиро ёд медиҳам.
- Бисёр кори хуб мекунед, зеро суруду мусиқӣ бакас нерӯи тоза мебахшад, махсусан ба кӯдакон ва аскарбачаҳо, ки дур аз падару модар ва пайвандонашон ҳастанд. Бахшида ба 23 феврал - Рӯзи Артиши Миллӣ, ки тантанаи ҷавонмардӣ ва ватандорист, ягон таронаи нав эҷод кардаед?
- Бале, суруди наве эҷод кардаам, ки бо чунин мисраъҳо сар мешавад:
Барои ҳифзи кишварам,
Тамоми лашкари Ватан.
Ба саф ҳамеша ҳозирем,
Ба амри сарвари Ватан.
Ин таронаро рӯзи 23–юми феврал ба тамоми сарбозони шуҷоъи тоҷик, ки барои ҳифзи марзу буми Ватан сина сипар кардаанд, ҳадя кардам.
- Ҷамшедҷон, саволи навбатӣ шояд каме нохуш бошад, вале наметавонем онро сарфи назар кунам. Узр мехоҳем, агар ин суол шуморо озор диҳад...
- Бемалол саволҳоятонро додан гиред, ман одами зудранҷ нестам...
- Мегӯянд, ки аз ҳамсаратон ҷудо шудед, рост аст?
- Бале, ҷудо шудем, вале ман ба мисли баъзе мардон, ки баъди ҷудо шудан фарзандонашонро комилан фаромӯш мекунанд, бемасъулият нестам. Аз ҳамсарам расман ҷудо шуда бошам ҳам, ҳаргиз нисбати зану фарзандонам номардӣ накардаам ва дар оянда ҳам намекунам. Ҳавлии калонамро дар Муъминобод ба ҳамсару кӯдаконам додам. Азбаски дар фасли зимистон дар деҳот барқ қариб ки нест, ҳоло бачаҳоям дар шаҳр зиндагӣ карда истодаанд. Пули иҷорашиниашонро дода истодаам, аз хӯрок ва сарулибосашон ҳамеша бохабарам. Намегузорам аз чизе танқисӣ кашанд, чунки кӯдакон дар ҷудоии падару модар ягон гуноҳ надоранд. Аз он ки зану шавҳар дар зиндагӣ бо ҳамдигар забон ёфта натавониста, ҷудо мешаванд, набояд бачаҳо азоб кашанд. Новобаста ба ҷудоиямон, ҳамеша аз ҳоли фарзандонам бохабарам ва дар тамоми пастию баландиҳои зиндагӣ дар канорашон мемонам.
- Сабаби ҷудоиятон дар чӣ буд?
- Дар ин бора чизе гуфтан намехоҳам. Фақат, як нуктаро таъкид карданӣ ҳастам, ки аксари занҳои тоҷик баъди талоқ дар ҷудоӣ танҳо шавҳарашонро гунаҳкор мекунанд, аммо худи хонумҳо ҳам чандон мусичаи бегуноҳ ё моҳи бе айб нестанд. Дар зиндагӣ зан бояд сабур бошад, гапи хонаро ба кӯча набарорад, барои ҳар як майда-чӯйда ҷангу хархаша барпо карда, дили мардро хунук насозад. Мард, ки аз зиндагӣ дилсард гашт, даҳ фарзанд дошта бошад ҳам, ҷудо мешавад, чунки зиндагӣ бидуни эҳтиром, боварӣ ва муҳаббат маънӣ надорад. Аксари оилаҳо маҳз бо сабаби рашки беҷои занон вайрон мешаванд.
- Рашк накардани зане, ки шавҳараш санъаткор аст, хеле душвор аст, зеро дар атрофи мардони санъаткор даҳҳо раққосаҳо ва дигар бонувони зебо чарх мезананд...
- Аввал муносибати мо - санъаткорон бо раққосаҳо вамухлисдухтарон танҳо як робитаи корӣ ва эҷодӣ асту халос, баъдан, духтар пеш аз оне, ки ба марди санъаткор ба шавҳар мебарояд, бояд фикр кунад,ки оё тобу тавони кашидани бори рашкро дорад, ё не. Дар атрофамон садҳо занону духтарони зебо давр зананд ҳам, оила ва фарзандонамон ҳамеша дар ҷойи аввалмеистад. Касе ҳаргиз зану фарзандонашро намепартояд, агар ҳамсараш зани покдомону меҳрубон бошад, иззату ҳурмати ӯро ба ҷо биёрад, наздиконашро эҳтиром намояд ва аз гапи шавҳараш набарояд. Чизе, ки аксаран боиси хонавайронӣ ва ҷудоӣ мегардад, ин гаправӣ ва нописандии зан аст. Аксари занҳо аз пашша фил сохта, барои дупула гап зиндагии ободашонро ба дасти худашон вайрон мекунанду баъд, ашки пушаймонӣ мерезанд, вале дигар суд надорад.
- Нияти дубора оиладор шудан надоред?
- Ҳанӯз не, зеро як маротиба дар интихоби шарики умр хато кардам ва намехоҳам дубора хатои худро такрор кунам.
- Ҷамшедҷон, бисёд ба ин мавзӯи дарднок хотима мегузорем. Беҳтараш бигӯед, ки дар оянда чӣ нақшаҳо доред?
- Ният дорам, албоми таронаҳоямро пешкаши мухлисонгардонам. Айни замон, сари ҳамин масъала кор карда истодаам ва аз пайи эҷоди суруду таронаҳои нав ҳастам.
- Ба шумо ҳам дар зиндагӣ ва ҳам дар пайроҳаи эҷод барору комёбиҳо орзумандем.