Дирӯз ду ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик тӯй доштанд.
Ҷамшеди Ҳалим, узви пешини "Лаҳзаҳои гуворо" ва Абдураҳим Набиев, ё Бобои Мерган аз тими "Маҳфилоро" бо ҳам қудо шуданд.
Яке аз наздикони Бобои Мерган ба "Oila" гуфт, ӯ духтарашро ба писари Ҷамшеди Ҳалим дод
"Дина тӯй доштем. Бисёр оддӣ, хоксорона ва дар доираи танзим гузашт. Ҳаҷвнигорону ҳунармандон омаданду дар муҳити хона хурсандӣ кардем", - гуфт манбаи мо.
Дар як навори ба дасти "Oila" расида низ дидем, ки воқеан дар хонадони Ҷамшеди Ҳалим тӯй аст.
Дар ин базм аслан ҳаҷвнигорони маъруф, чун Саидҷон Идиев, Дустмурод Шарипов, худи Бобои Мерган ва дигарон ҳузур дошта, овозхонҳое чун Муслима Қодирова, Даврони Асадулло ва Зиёвиддини Нуриддин ва дигарон ҳунарнамоӣ карданд.